Замимаи 3
бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели с.2007 № 170
тасдиқ шудааст
Замимаи 3
бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели с.2007 № 170
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои нигоҳдории қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои нигоҳдории қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номенклатураи мавод тартиб дода мешавад.
Номенклатураи маводи - номгӯи системакунонидашудаи дафтарҳо, ки дар он қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо нишон додани мӯҳлати нигоҳдорӣ қайд шудааст. Номенклатураи мавод барои дуруст ба роҳ мондани хуҷҷатгузорӣ ва зуд дарёфт намудани ҳуҷҷатҳо аз рӯи мундариҷа хизмат менамояд.
Номенклатураи мавод аз тарафи хадамоти таъмини ҳуҷҷатҳо тартиб дода шуда, ба мувофиқа бо бойгонии идоравӣ, аз тарафи сардори он мувофиқи замимаи № 1 имзо карда мешавад.
Ба номенклатураи мавод номгӯи дафтарҳое, ки дар онҳо тамоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ оиди бақайдгирии қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор инъикос мегарданд, дохил мешаванд. Ҳар як ҳуҷҷате, ки ба номенклатураи корҳо дохил аст, бояд индекс дошта бошад.
Индекси мавод аз индекси воҳиди сохторӣ ва тартиби рақамгузории мавод иборат аст.
Номенклатураи мавод барои соли ояндаи тақвимӣ дар семоҳаи охири соли ҷорӣ тибқи шакли муайяншуда тартиб дода шуда, бо шумораи зарурии нусхаҳо аз чоп баромада, аз 1 январ мавриди амал қарор дода мешавад. Номенклатураи мавод дар ҳолате аз нав тартиб дода мувофиқа карда мешавад, ки вазифа ва сохтори ташкилот иваз карда шавад, вале на камтар аз як маротиба дар 5 сол. Он ҳарсола бо тағйиротҳои дахлдор чоп шуда, тасдиқ мегардад.
Нусхаи нахустини номенклатураи маводи ташкилот дар хадамоти таъмини ҳуҷҷатгузорӣ, нусхаи дуюм дар ҳамин хадамот бо сифати нусхаи корӣ истифода мегардад, нусхаи сеюм дар бойгонии идоравӣ ва нусхаи чорум дар бойгонии давлатие, ки номенклатураи мавод мувофиқа карда шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
...