ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 49
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сархати якуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 49 "Дар хусуси таъсиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷорати ва иқтисоди" калимаҳои "Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Афғонистонро дар бораи Раиси бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷорати ва иқтисоди таъин гардидани Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 августи соли 2005 № 306
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2003 года № 49
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.В первом абзаце пункта 1 постановления Правительств Республики Таджикистан от 5 февраля 2003 года № 49 "О создании таджикской части Таджикско-Афганской межправительственной комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству" слова "Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан" заменить словами "Министр экономики и торговли Республики Таджикистан".
2.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Афганскую сторону о назначении Министра экономики и торговли Республики Таджикистан Председателям таджикской части Таджикско-Афганской межправительственной комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от "6" августа 2005 года № 306
г. Душанбе