Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 255 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 602 бе эътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Воҳидҳои штатии ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 10 воҳид ихтисор карда шаванд.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи марказии он ва номгӯйҳои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое (замима мегарданд), ки дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо он басташаванда фаъолият мекунанд, тасдиқ карда шаванд." ба калимаҳои "Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идораи вазорат ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотхое, ки бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба фаъолият мекунанд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)." иваз карда шаванд.

дар сархати якуми банди 2 калимаҳои "45 воҳид" ба калимаҳои "42 воҳид" иваз карда шаванд; сархати дуюми банди 3 ва банди 6 хориҷ карда шаванд.

3. Ба Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 337 "Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

бандҳои 1 ва 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"1. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар идоракунӣ ва танзими соҳаи алоқаи барқӣ ва почта (минбаъд - алоқа), технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар вазорату идораҳоро дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, инчунин сиёсати техникиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ татбиқ менамояд.

2. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ", "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи алоқаи почта" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд".

дар банди 3:

- дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои "алоқа ва информатизатсия" калимахои ", рушди воситаҳои техникии телевизион ва радиошунавонӣ, илова карда шаванд;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№602

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 июля 2001 года № 337 "О Министерстве связи Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Сократить штатные единицы обслуживающего персонала центрального аппарата Министерства связи Республики Таджикистан в количестве 10 единиц.

2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 июля 2001 года № 337 "О Министерстве связи Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

в пункте 1 слова "структуру его центрального аппарата и перечень государственных предприятий, учреждений и организаций, функционирующих на условиях двусторонних соглашений, заключаемых с ним." заменить словами "Структуру центрального аппарата, Схему управления министерства и Перечень предприятий, учреждений и других организаций, деятельность которых осуществляется с Министерством связи Республики Таджикистан на основании условий двусторонних соглашений, в новой редакции (прилагаются)".

в абзаце первом пункта 2 слова "45 единиц" заменить словами "42 единицы";

абзац второй пункта 3 и пункт 6 исключить.

3. В Положение о Министерстве связи Республики Таджикистан, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 июля 2001 года № 337 "О Министерстве связи Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения: пункты 1 и 2 изложить в следующей редакции:

"1. Министерство связи Республики Таджикистан (далее-Министерство), являясь центральным органом исполнительной государственной власти, реализует единую государственную политику по управлению и регулированию отрасли электрической и почтовой связи (далее - связи), информационно - коммуникационных технологий, координирует деятельность других министерств и ведомств в области связи и информатизации, а также техническую политику в области телевидения и радиовещания.

2. Министерство осуществляет свою деятельность, руководствуясь Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "Об информатизации", "Об электрической связи", "О почтовой связи" и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением".

в пункте 3:

- абзац третий после слов "связи и информатизации" дополнить словами", развитие технических средств телевидения и радиовещания";

...