ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ПОЧТА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8. мод.462; с.2004, №5, мод.341; с.2007, №7, мод.684; с.2014, №7, қ.2, мод.412, мод.413)
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 30, аз 30.07.2007 № 322, аз 26.07.2014 № 1115, № 1116, аз 14.11.2016 № 1370, аз 02.01.2025 № 2133)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолиятро дар соҳаи ташкил, амал ва инкишофи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ваколати мақомоти идораи давлатӣ ва танзими фаъолияти мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин фаъолият иштирок менамоянд ё аз хизмати алоқаи почта истифода мебаранд, муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи почта
Алоқаи почта қисми ҷудонашавандаи инфраструктураи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун комплекси ба ҳам пайванди истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, ки ба хизмати алоқаи почта пешбинӣ шудааст, амал менамояд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
алоқаи почта - намуди алоқае, ки аз комплекси ягонаи истеҳсолию технологии воситаҳои техникӣ ва нақлиётӣ иборат буда, қабул, коркард, кашонидан, бурда расонидан (супоридани) муросилоти почта, инчунин таҳвили маблағҳои пулиро ба воситаи почта таъмин менамояд;
ҳудуди ягонаи алоқаи почта - ҳудуде, ки дар он меъёрҳо ва қоидаҳои ягона дар соҳаи алоқаи почта амал карда, комплекси рақамгузории иншоотҳои алоқаи почтаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ягонаи ба расмият даровардан, қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супурдани) ҳама намудҳои муросилоти почтаро муқаррар менамояд;
алоқаи байналмилалии почта - мубодилаи муросилоти почта дар байни ташкилотҳои алоқаи почта, ки дар доираи ҳуқуқии давлатҳои гуногун қарор доранд;
хизмати алоқаи почта - амал ё фаъолият оид ба расмият даровардан, қабул, коркард, кашонидан, бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта, инчунин ба амал баровардани таҳвили маблағҳои пулӣ ба воситаи почта;
...