×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005, № 149 "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 661; с. 2011, №6, мод.448)

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 737, аз 27.11.2014 № 1162, аз 19.07.2022 № 1904)

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 737, аз 27.11.2014 № 1162, аз 19.07.2022 № 1904)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии марбут ба таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии фондҳои ғайридавлатии нафақаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои таъминоти ихтиёрии иловагӣ бо нафақа таъмин менамояд.

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки ҳангоми анҷом додани таъминоти нафақаи давлатӣ ба миён меоянд, татбиқ намегардад. Қонуни мазкур барои маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи ихтиёрии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода бурда намешавад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Фондҳои ғайридавлатии нафақа

Фонди ғайридавлатии нафақа (минбаъд, Фонд) шакли махсуси ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шаҳрвандон бо нафақа ба тарзи ихтиёрӣ мебошад.

Фонд новобаста аз низоми давлатии таъминоти нафақа ва илова ба он фаъолият менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1904).

Намуди истисноии фаъолияти Фонд аз таъмини ғайридавлатии ихтиёрии шахсони воқеӣ бо нафақа дар асоси шартномаҳои нафақа иборат мебошад. Фаъолияти Фонд аз ҷамъоварии саҳмҳои нафақа, ҷамъоварии активҳои нафақа ва баҳисобгирии ӯҳдадориҳои нафақавӣ, ҷойгиркунонии активҳои нафақа бо мақсади гирифтани даромад аз сармоя, таъин ва пардохти нафақаҳои ғайридавлатӣ ба гирандагон ба тарзи ихтиёрӣ иборат аст. Шахсони ҳуқуқие, ки ба талаботи Қонуни мазкур нисбати фондҳо ба истифодаи калимаҳои "фонди ғайридавлатии нафақа" мувофиқат намекунанд дар номи худ дар ҳама ҳолатҳо ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1904).

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода шудаанд
...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О негосударственных пенсионных фондах

(в редакции Закона РТ от 28.06.2011г. №737, от 27.11.2014г.№1162,от 19.07.2022 №1904)

(в редакции Закона РТ от 28.06.2011г. №737, от 27.11.2014г.№1162,от 19.07.2022 №1904)

Настоящий Закон регулирует правовые и экономические отношения, касающиеся создания, функционирования, реорганизации и ликвидации негосударственных пенсионных фондов в Республике Таджикистан, и обеспечивает реализацию прав граждан на добровольное дополнительное пенсионное обеспечение.

Действие настоящего Закона не распространяется на отношения, возникающие при осуществлении государственного пенсионного обеспечения. Настоящий Закон не может быть использован для ограничения прав граждан Республики Таджикистан на добровольное пенсионное и социальное страхование.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Негосударственные пенсионные фонды

Негосударственный пенсионный Фонд (далее - Фонд) - особая организационно-правовая форма специализированной некоммерческой организации по пенсионному обеспечению граждан на добровольной основе.

Фонд функционирует независимо от системы государственного пенсионного обеспечения и в дополнение к ней.

Исключительный вид деятельности Фонда состоит из добровольного негосударственного пенсионного обеспечения физических лиц на основе пенсионных договоров.

Деятельность Фонда заключается в аккумулировании пенсионных взносов, накоплении пенсионных активов и учете пенсионных обязательств, размещении пенсионных активов с целью получения дохода от инвестиций, назначений и выплате негосударственных пенсий получателям добровольной основе.

Юридические лица, не отвечающие требованиям, предъявляемым настоящим Законом к фондам, не вправе использовать в своём наименовании слова "негосударственный пенсионный фонд" в любых сочетаниях.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о негосударственных пенсионных фондах

Законодательство Республики Таджикистан о негосударственных пенсионных фондах основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

...