Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014 № 1162 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 661; с. 2011, №6, мод.448) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми якуми моддаи 11 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намояд;

- нигоҳдории нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян кардани шахсият зарур аст, на камтар аз панҷ соли баъди анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ таъмин намояд;".

2. Ба моддаи 13 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Пешниҳод намудани маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ва ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1162

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1162

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НЕГОСУДАРСТВЕННЫХ ПЕНСИОННЫХ ФОНДАХ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 декабря 2005 года "О негосударственных пенсионных фондах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №12., ст. 661; 2011, №6, ст,448) следующие дополнения:

1. Часть первую статьи 11 дополнить абзацами третьим и четвертым следующего содержания:

"- предоставлять в соответствии с положениями Закона Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма" информацию о подозрительных сделках и операциях уполномоченному органу по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма;

- обеспечивать хранение копий документов, необходимых для установления личности, не менее пяти лет после завершения деловых отношений;".

2. Статью 13 дополнить частью третьей следующего содержания:

"Предоставление сведений уполномоченному органу по противодействию легализации доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма не является разглашением служебной, коммерческой или иной, охраняемой законом, тайны.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 ноября 2014 года, № 1162

г. Душанбе,

от 27 ноября 2014 года, № 1162

...