ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2005 № 242, аз 3.10.2006 № 471, аз 31.08.2007 № 467, аз 30.12.2011 № 672)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2005 № 242, аз 3.10.2006 № 471, аз 31.08.2007 № 467, аз 30.12.2011 № 672)
Мувофиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис дода шуда, ҳайати он аз рӯи вазифа мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар мӯҳлати се моҳ Низомномаи Комиссияи байниидоравиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 январи соли 2005 № 5
ш. Душанбе
аз 4 январи соли 2005 № 5
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 январи соли 2005 № 5
...