Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2017 № 340 "Дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон"

Санаи амалкуни: 02.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 84)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 84)

Мутобиқи моддаҳои 6, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шавад (замимаи 1).

2. Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 4 январи соли 2005, № 5 "Дар бораи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон";

- аз 2 апрели соли 2005, № 123 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Межведомственной комиссии по противодействию торговле людьми

(в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №84

(в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №84

В соответствии со статьями 6, 15 и 16 Закона Республики Таджикистан "О противодействии торговле людьми и оказании помощи жертвам торговли людьми", статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях обеспечения эффективной деятельности субъектов системы противодействия торговле людьми и организации их взаимодействия, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Образовать Межведомственную комиссию по противодействию торговле людьми (приложение 1).

2. Утвердить Положение о Межведомственной комиссии по противодействию торговле людьми (приложение 2).

3. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 4 января 2005 года, №5 "О Межведомственной комиссии по борьбе против торговли людьми";

- от 2 апреля 2005 года, №123 "Об утверждении Положения о Межведомственной комиссии по борьбе против торговли людьми".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 8 июля 2017 года, №340

...