Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.08.2004с. № 335)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.08.2004с. № 335)
Бо мақсади таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ва мутобиқи Аҳдномаи дустӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон, ки 2 апрели соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ҳайати зерин тасдиқ карда шавад:
Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси бахши тоҷикистонии Комиссия
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Мудири Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармутахассиси Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
...