ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод. 458; с. 2006, №3, мод. 149; с. 2007, №7, мод. 662; с. 2008, №6, мод. 451; с. 2012, №4, мод. 253, №8, мод. 820)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 154, аз 30.07.2007 № 298, аз 18.06.2008 № 393, 16.04.2012 № 803, аз 01.08.2012 № 883, аз 15.03.2016 № 1288)
Қонуни мазкур вазифаҳо, принсипҳо, самтҳои асосии фаъолият ва хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии мақоми ҷумҳуриявӣ, мақому муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва кормандони онҳоро муйян менамояд.
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - мақомот ва муассисаҳои давлатии махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҷазои ҷиноятиро таъмин менамоянд;
- муассисаи ислоҳӣ - мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии муассиса таъсис дода шуда, ҷазои ҷиноятиро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ иҷро менамояд;
- шароитҳои махсуси адои хизмат - хизмат дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятие, ки дар маҳалҳои дурдаст, маҳалҳои шароити обу ҳавояш вазнин ва номусоид воқеъ гардидаанд, кор дар муассисаҳое, ки маҳкумшудагони гирифтори касалиҳои сирояткунанда ва харобии рӯҳӣ адои ҷазо менамоянд, кор дар давраи низоми шароити пурзӯрӣ адои хизмат;
- воҳидҳои асосии сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣмуассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо), нозироти корҳои ислоҳӣ;
- ҳайати кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - ҳамаи шахсоне, ки дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат ё кор мекунанд;
- мақомоти ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ташкил ва таъмин мекунад ;
...