ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ"
Моддаи 1. Ба моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод. 458; с.2006, №3, мод. 149; с.2007, №7, мод. 662; с.2008, №6, мод. 451; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №803) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми дуюм рақами "80" ба рақами "8" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм рақамҳои "40" ва "12" мутобиқан ба рақамҳои "6" ва "5" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 883
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 883
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...