ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)
I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳои қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот
Қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузорие, ки мутобиқи он нашр мешаванд, иборат мебошад.
Вазифаи қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар ҳолати озодии табиӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмини шароити мусоиди зиндагии онҳо, истифодаи илман асоснок, ҳифзи оқилона ва афзоиши онҳо, танзими саршумори онҳо, ҳифзи шаклҳои гуногуни биологӣ, ягонагии гурӯҳҳои табиии ҳайвонот, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва хоҷагии халқ ба захираҳои табиии олами ҳайвонот, инчунин аз таҳкими қонуният дар ин соҳа иборат аст.
Муносибат дар соҳаи истифода ва муҳофизати ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва дигар ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ, ки ба мақсади хоҷагӣ, фарҳангӣ, илмию эстетикӣ ва ғайра дар шароити ғайриозод ва нимозод нигоҳ дошта мешаванд, инчунин дигар ҳайвоноте, ки сарвати табиии ҷумҳурӣ ҳисоб меёбанд, бо қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бобати истифода ва муҳофизати ҳайвоноти кӯчанда бошад, бо қонунгузории махсус танзим карда мешавад. Масъулият барои вайрон кардани қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифода ва муҳофизати ҳайвоноти мазкур бо қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар мегардад.
Моддаи 2. Моликияти давлатӣ будани олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот дар ҳолати табиӣ моликияти давлатӣ буда, дороии умумии тамоми халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Моддаи 3. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бобати танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони дар бобати танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, дар қаламрави худ ба муқаррар кардани тартиби муҳофизати олами ҳайвонот ва истифодаи он; тартиб додану тасдиқ кардани нақшаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи самараноки олами ҳайвонот; ҷорӣ кардани назорати давлатӣ ба кори муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот; инчунин ҳалли дигар масъалаҳо дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, агар онҳо мансуби салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд, соҳибихтиёр аст.
Моддаи 4. Идораи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот
...