ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937, аз 02.01.2025 № 2125)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳифз, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии онро муқаррар менамояд, ҳифз ва барқарор намудани захираҳои олами ҳайвонотро пешбинӣ мекунад (№ 2125).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- олами ҳайвонот (фауна) - маҷмӯи ҳайвоноти ваҳшии бесутунмӯҳра ва сутунмӯҳрадор, ки дар ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ё доимӣ мавҷуд мебошанд;
- объектҳои олами ҳайвонот - ҳамаи намудҳо, таркиб ва ҷои зисти ҳайвонот, ки мувофиқи Қонуни мазкур ҳифз ва оқилона истифода карда мешаванд (№ 2125);
- ҳайвоноти ваҳшӣ - намуди ҳайвоноте, ки дар шароити табиӣ зиндагӣ мекунад;
- ҳайвоноти кӯчӣ - намуди ҳайвонот ва паррандагоне, ки вобаста ба фасли сол аз як минтақаи зист ба дигар минтақа бо мақсади зимистонгузаронӣ, зиёд намудани насл ва бо дигар сабабҳо ҷой иваз мекунанд;
- ҳайвоноти нодир - намуди ҳайвоноти камшуморе, ки дар мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар шароити озоди табиӣ зиндагӣ мекунад ();
- ҳайвоноти маҳаллӣ (эндемӣ) - намуди ҳайвоноте, ки дар як мавзеъи алоҳида зиндагӣ намуда, дар дигар мавзеъҳо дучор намешавад;
- ҳайвоноти бесутунмӯҳра - намуди ҳайвоноте, ки устухонбандии асосӣ (сутунмӯҳра) надорад;
...