ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2024,
№ 570 ҷонибдорӣ шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 19; с. 2022, №12, қ. 2, мод. 777) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва тамоми матни қонун калимаҳои «муҳофизат», «муҳофизату», «муҳофизати», «МУҲОФИЗАТИ», «Муҳофизати», «зайли», «зайл», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «вазифадоранд», «ВАЗИФАҲОИ», «Вазифаҳои» ва «вазифаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «ҳифз», «ҳифзу», «ҳифзи», «ҲИФЗИ», «Ҳифзи», «зерини», «зерин», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «УҲДАДОРИҲОИ», «Уҳдадориҳои» ва «уҳдадориҳои» иваз карда шаванд.
...