ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 455; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1013; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 838; с. 2013, №7, мод. 536)
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 479, аз 29.12.2010 № 679, аз 22.07.2013 № 1008, аз 2.01.2019 № 1571)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ танзим менамояд .
БОБИ I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:
- китобхона - муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии дорои фонди муташаккили ҳуҷҷатҳо, ки онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анҷом мерасонад;
- китобхонаи дастраси умум - китобхонае, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон имконияти истифодабарӣ аз фонди китобхона ва хизматрасонии китобдориро фароҳам меоварад (, );
- фаъолияти китобдорӣ - соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешаванд (,
- ҳуҷҷат - объекти моддие, ки дар он иттилоот ба шакли матн, сабти овоз ва ё тасвир дарҷ гардида, бо мақсади ҳифзу мавриди истифодаи умум қарор додан ва барои ба замону макон таҳвил намудан таъин гардидааст;
- нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо - нусхаҳои ҳуҷҷатҳои гуногуне, ки бояд аз тарафи таҳиягарон ба муассиса ва дигар ташкилотҳои дахлдор ба миқдори муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд ();
...