Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1008 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.455; с.2008, №12, қ.2, мод.1013; с.2010, №12, қ.1, мод.838) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Дар моддаи 1:

- дар сархати дуюм калимаи "фонд" ба калимаҳои "фонди китобхона" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюм пас аз калимаҳои "истифодабарандагони китобхонаҳо" калимаҳои ", тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ" илова ва калимаи "мешавад" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаҳои "ташкилоту муассисаҳои" ба калимаҳои "муассиса ва дигар ташкилотҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти давлатӣ" ва аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;

- сархатҳои нӯҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- фонди китобхона - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои мундариҷа, таъинот ва моҳияти гуногун, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаашон бо мақсади хизматрасонии китобдорӣ ҳатмӣ мебошад;

- китобҳои нодир - китобҳои дастнавис, литографӣ ва чопие, ки дорои арзиши баланди маънавию моддӣ буда, аҳамияти хоси таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ доранд ва нисбат ба онҳо реҷаи махсуси ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифода муқаррар шудааст.".

3. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "Ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "Мақомоти давлатӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 5:

- дар қисми якум калимаи "маълумот" ба калимаҳои "сатҳи таҳсилот, ҳолатҳои ҷисмонӣ ва равонӣ" иваз карда шавад;

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БИБЛИОТЕЧНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1.Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О библиотечной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст.455; 2008 г., №12,ч.2, ст.1013; 2010 г., №12, ч.1, ст. 838) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона писать прописными буквами.

2. В статье 1:

- абзац третий после слов "пользователей библиотек," дополнить словами "подготовка, переподготовка и повышение квалификации работников библиотечной сферы,";

- в абзаце пятом слова "учреждения и организации" заменить словами "учреждения и другие организации";

- в абзаце восьмом слова "органы государственной власти" заменить словами "государственные органы" и знак точки знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацами девятым и десятым следующего содержания:

"- библиотечный фонд - свод документов с различным содержанием, назначением и сутью, сбор, учет, обработка, каталогизация, охрана и использование которых в целях библиотечного обслуживания является обязательным;

- уникальные книги - рукописные, литографические и печатные книги, имеющие высокую духовную и материальную ценность, особое историческое, научное, культурное значение, по отношению к которым установлен особый режим сбора, учета, обработки, каталогизации, охраны и использования;".

3. В части первой статьи 4 слова "Все органы государственной власти" заменить словами "Государственные органы".

4. В статье 5:

- в части первой слово "образования" заменить словами "уровня образования, физического и психического состояния,";

...