Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 679 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.455; с.2008, №12, қ.2, мод.1013) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2 пеш аз калимаи "эътироф" калимаи "онҳоро" илова карда шавад.

2. Дар моддаи 4:

- дар номи модда калимаи "Шаклҳои" ба калимаи "Намудҳои" иваз карда шавад;

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тибқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият намудҳои зерини китобхонаҳо мавҷуданд:

1) китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:

- Китобхонаи миллӣ;

- китобхонаи ҷумҳуриявӣ;

- китобхонаҳои вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ;

2) китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд;

3) китобхонаҳои шаҳрак ва деҳот, ки аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешаванд;

4) китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О библиотечной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2003г., №8, ст.455; 2008г., №12, ч.2, ст.1013) следующие изменения и дополнения:

1. Часть вторую статьи 4 изложить в следующей редакции:

"Согласно порядку учреждения и формам собственности существуют следующие виды библиотек: учрежденные органами

1) государственные библиотеки, государственной власти, в том числе: и других государственных библиотеки, учрежденные

- Национальная библиотека;

- республиканская библиотека;

- библиотеки министерств, ведомств органов;

2) областные, городские, районные местными органами государственной власти;

3) поселковые и сельские библиотеки, учрежденные органами самоуправления поселков и сел;

4) библиотеки Академии наук Республики Таджикистан, отраслевых академий, научно-исследовательских институтов, образовательных учреждений;

5) библиотеки предприятий, учреждений и других организаций, независимо от форм собственности;

6) библиотеки общественных объединений;

7) частные библиотеки;

...