ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 173, аз 18.06.2008 № 404)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 173, аз 18.06.2008 № 404)
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқони (фермери)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи хоҷагии деҳқони (фермерӣ)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқони (фермерӣ) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии деҳқони (фермерӣ)
Хоҷагии деҳқони (фермерӣ) (минбаъд - хоҷагии деҳқони) субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи амали гардонида, ба меҳнати шахсии як нафар ё аъзои як оила, шахсони дигар, ки маҳсулоти кишоварзиро якҷоя истеҳсол мекунанд, асос ёфта, заминаи онро қитьаи замин ва амволи дигари ба аъзои хоҷагии деҳқони тааллукдошта ташкил медиҳад.
Моддаи 4. Аъзои хоҷагии деҳқони
Аъзои хоҷагии деҳқони хамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, волидайн ва шахсони дигар, ки якҷоя дар хоҷагии умуми машғули коранд, шуда метавонанд.
Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқони аз рӯи шартнома кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқони дохил намешаванд, ва муносибатҳои меҳнатии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 5. Хоҷагии деҳқони ҳамчун шакли хоҷагидори
...