ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро муайян мекунад.
Моддаи 1. Мафҳуми хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд - хоҷагии деҳқонӣ) субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллуқдошта ташкил медиҳанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқониро метавонад ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қобили амал аст, ташкил намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Хоҷагии деҳқониро метавонанд як шахс, як оила ё гурӯҳи шахсон ташкил диҳанд.
Моддаи 4. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ
1. Падару модарон, ҳамсар, фарзандон ва дигар шахсони қобили меҳнат, ки якҷоя дар хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, метавонанд аъзои он бошанд.
2. Узвият ба хоҷагии деҳқонӣ дар асоси сабти ном дар дафтарчаи меҳнатӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ муайян карда мешавад.
3. Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дохил намешаванд ва муносибатҳои меҳнатии онҳо бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
...