Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон аз 18 июни соли 2008 № 404 "Дар бораи ворид намудани тағйиру нловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКСИТОН

"Дар бораи ворид намудани тағйиру нловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қисми 1, мод. 299; соли 2006, №3, мод. 163) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми сеюми моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, инчунин дар заминҳои фонди давлатии об танҳо бо ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.".

2. Аз қисми якуми моддаи 15 калимаҳои "(ғайр аз заминҳои дар сархати 3, моддаи 12 нишондодашуда)" хориҷ карда шаванд.

3. Дар қисми сеюми моддаи 16 калимаҳои "оиди онҳо" ба калимаҳои "оид ба фаъолияти онҳо" иваз карда шаванд.

4. Дар банди "в" қисми якуми моддаи 18 баъд аз калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр)" калимаҳои "ва дигар мақомоти пешбининамудаи қонунгузорӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июни соли 2008 № 404

ш.Душанбе

18 июни соли 2008 № 404

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дехканском (фермерском) хозяйстве"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "О дехканском (фермерском) хозяйстве" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002г., №4, часть 1, ст. 299; 2006г., №3, ст. 163) следующие изменения и дополнения:

1. Часть третью статьи 12 изложить в следующей редакции:

"Дехканские хозяйства создаются на землях, относящихся к семеноводческим, питомническим, племеноводческим хозяйствам, исследовательским, научно - производственным, учебным, опытным учреждениям, профессионально-техническим училищам, а также на землях государственного водного фонда только с согласия Правительства Республики Таджикистан.".

2. Из части первой статьи 15 слова "(кроме указанных в абзаце 3 статьи 12)" исключить.

3. В части третьей статьи 16 слова "о них" заменить словами "об их деятельности" .

4. В пункте "в" части первой статьи 18 после слов "органы исполнительной власти района (города)" дополнить словами "и другие органы, предусмотренные законадательством".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 18 июня 2008 года № 404

г. Душанбе, 18 июня 2008 года № 404

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

...