ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ДОХИЛ КАРДАНИ САРВАТҲОИ ФАРҲАНГИ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480)
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигаҳдории мероси фарҳангиро ба танзим дароварда, тартиби ягонаи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани сарватҳои фарҳангиро муқаррар намуда, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мусоидат мекунад .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда иборат аст .
Агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда қоидаҳои дигар нисбат ба онҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги дарбар гирифтааст, мавҷуд бошанд, онгоҳ қоидаҳои шартномаҳои байналмилали амал мекунанд.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асоси
Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
Сарватҳои фарҳанги - ашёи манқули олами модди, ки арзишҳои милли, таърихи, бадеи, илмию маърифати, маънавию ахлоқи ва дигар арзишҳои фарҳангиро ифода мекунанд;
берун баровардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;
дохил кардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;
муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраргардида;
муваққатан дохил кардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда.
экспертизаи бадеи - аз ҷониби мутахассис (эксперт) ё гурӯҳи мутахассисон омӯхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти касби ва донишҳои махсусро тақозо дорад.
Моддаи 4. Сарватҳои фарҳангии таҳти амали Қонуни мазкур қарор гирифта
Сарватҳои фарҳангии зерин таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд:
Офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Офаридаҳои шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Бозёфтҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
Гирдовардашудаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинофото-фонотекаҳо, нигористонҳо ва дигар маҳзанҳо;
Бозёфтҳои экспедитсияҳои археологи, этнографи, фолклори ва табии илми бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд;
дар натиҷаи мубодилаи ихтиёри ба даст омадаҳо;
ба сифати мерос, ҳадя қонуни ба дастомада ё бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд;
аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардонидашуда.
Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлати дар соҳаи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги
Танзими берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мекунанд .
Салоҳияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарватҳои фарҳанги мансубанд, муайян мекунад;
оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги тибқи конунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
ба қайдгирии сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда, инчунин муваққатан берун баровардашаванда ва муваққатан дохил кардашавандаро ба амал мебарорад;
экспертизаи сарватҳои фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд таъмин мекунад;
барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги шаҳодатнома медиҳад;
сарватҳои фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатй дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад .
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузори оид ба тартиби берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги амалй мегардонад .
Тартиби гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда
Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлати ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда инҳо мебошанд:
офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби буҷаи давлати;
офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби фаъолияти худии шахсони ҳуқуқи ва воқеи;
аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои фарҳанги офарида ё ба даст дароварда шудаанд;
ба мерос монда;
дигар асосҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти ақли мебошанд, мутобиқи қонунгузори танзим мегардад.
Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани сарватҳои фарҳанги
Берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори ӯ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад иҷро мегардад.
Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои фарҳангии офаридаашро, ки моликияти ӯст, тибқи қонунгузории муқарраршуда берун бароварад.
Моддаи 8. Сарватҳои фарҳангии берун бароварданашаванда
Берун баровардани сарватҳои фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
Сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;
аз ҷониби давлат ба рӯйхат ва реестри нигоҳбони дохилшуда;
дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлативу ҷамиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда.
Моддаи 9. Муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги
Муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
барои ташкили намоишгоҳҳо;
барои гузаронидани корҳои реставратсиони ва тадқиқоти илми;
вобаста ба фаъолияти театри, консерти ва фаъолиятҳои дигари ҳунари;
барои ороиши сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузори пешбини кардааст.
Сарватҳои фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст.
Моддаи 10. Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги
Барои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи мувақатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи осорхонаҳои давлати, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлати ариза пешниҳод мешавад, ки ба он ҳуҷаттҳои зерин замима мегарданд:
шартнома бо ҷониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мӯҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги ;
санади суғуртавии (шаҳодатнома, сертификат, квитансия) шартномаи суғуртаи амволи оид ба сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо таъмини ҳама ҳолатҳои эҳтимолии суғуртави;
кафолати хаттии мақомоти давлатии ҷониби қабулкунанда оиди ҳифз, нигоҳдори ва сари вақт баргардонидани сарватҳои фарҳангие, ки муваққатан дохил карда мешаванд.
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи шахсони ҳуқуқи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегардад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми аввали ҳамин модда зикр гардидаанд .
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи шахсони воқеи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сахати сеюми қисми аввали ҳамин модда зикр гардидаанд .
Моддаи 11. Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги
Шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд;
вазъи сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда тағйир додани шароити нигоҳдории онҳоро напазирад ;
молики сарватҳои фарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, муайян нашуда бошад ;
сарватҳои фарҳангие, ки мавзӯи баҳси ҳуқуқи моликиятанд;
дар кишваре, ки ба он муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги дар назар аст, офатҳои табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда гардад .
Моддаи 12. Ҳифзи сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашуда
Ҳифзи сарватҳои фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун баровардашударо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати қабулкунанда таъмин мекунанд.
Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан дохил кардашуда
Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии ба Тоҷикистон муваққатан дохил кардашударо бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Моддаи 14. Манъи дохил кардани ашёи дигар таҳти намуди сарватҳои фарҳанги
Дохил гардонидани ашёи дигар таҳти намуди сарватҳои фарҳанги, ки ба вайронии сохти конститутсиони ва истиқлолияти давлати, халали тамомияти қаламрави кишвар, тартиби ҷанг, терроризм, таҷовуз, экстремизми дини, нажодпарасти равона шудааст ва ҳамчунин маводи мундариҷааш фаҳш ва зури, манъ аст .
Моддаи 15. Пешгирии ғайриқонуни дохил кардан ва харидани сарватҳои фарҳанги
Сарватҳои фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор боздошта мешаванд.
Бо мақсади пешгирии ба дастовардани сарватҳои фарҳангии аз давлатҳои дигар ғайриқонуни берун баровардашуда, дуздидашуда ва ё ғайриқонуни харидашуда, осорхонаҳои давлати, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлати вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарури дошта бошанд.
Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои фарҳанги
Фурӯши сарватҳои фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад.
Пешниҳоди сарватҳои фарҳанги ба фурӯши оммави бо ризоияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Шахсони ҳуқуқие, ки дар фуруши сарватҳои фарҳанги иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиранд .
Моддаи 17. Транзит ва ирсоли сарватҳои фарҳанги тавассути почта
Ҳангоми транзити сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзити дохил кардани сарватҳои фарҳангиро аз рӯи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
Ирсоли сарватҳои фарҳанги тавассути почта аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузори сурат мегирад.
Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои фарҳанги
Харидори боинсофи сарватҳои фарҳангии аз кишварҳои дигар ғайриқонуни баровардашуда, дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад. Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рӯи тартиби муқарраргардида ҷубронпули дода мешавад.
Сарватҳои фарҳангии мутобиқи банди аввали ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумруки ва пардохти боҷҳои дигар озод мешаванд. Хароҷотҳои дигарро оиди баргардонидани онҳо ҷониби талабкунанда пардохт мекунад.
Моддаи 19. Бозгардонидани сарватҳои фарҳанги
Давлат барои бозгардонидани сарватҳои фарҳангие, ки ғайриқонуни берун бароварда шудаанд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баргардонида шаванд, чораҳо меандешад.
Ба талаботи бозгардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонуни аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардашуда то эълони истиқлолияти он мӯҳлати мурур паҳн намешавад.
Моликони сарватҳои фарҳангии бозгардонидашуда аз пардохти боҷи гумруки ва пардохтҳои махсус ҳангоми баргардонидани онҳо озод мешаванд.
Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ
Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ситонида мешавад .
Моддаи 21. Пардохтҳои гумруки барои сарватҳои фарҳанги
Пардохтҳои гумруки ҳангоми берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори амалӣ карда мешаванд .
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
6 августи соли 2001 № 42