×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 22 "Дар бораи нақлиёт"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси ҶТ аз 02.04.2020 № 1689 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАҚЛИЁТ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 59, аз 30.07.2007 № 312, аз 28.12.2013 № 1050)

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 59, аз 30.07.2007 № 312, аз 28.12.2013 № 1050)

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2000, №11, мод.507; с.2004, №7, мод.466; с.2007, №7, мод.674)

Ин Қонун фаъолияти интиқолдиҳандагонро дар нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, ҳавои ва оби бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кори системаи нақлиёти дар асоси механизмҳои бозори ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматҳои аз ҷиҳати иқтисоди самарабахши нақлиёти танзим менамояд.

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои дар ин Қонун қабулгардида

Дар ин Қонун истилоҳҳои зерин мафҳумҳои зайлро ифода мекунанд:

интиқолдиҳанда - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки воситаи нақлиётро бо ҳуқуқи моликияти хусуси ё дигар навъи моликият истифода менамояд, дар бобати кашонидани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва/ё почта ба ивази музд ё ба тариқи кироя хизмат мерасонад ва барои анҷом додани ин кор иҷозатномаи (литсензия) дахлдор дорад, ки он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудааст. Таҳти истилоҳи "интиқолдиҳанда" ҳамчунин танзимгари (оператори) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти гуногун, сарфи назар аз он ки зимнан он ягон воситаи нақлиётро истифода мекунад ё не, фаҳмида мешавад.

мизоҷ - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки мутобиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда нақлиётро истифода мебарад.

экспедитор - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки аз ҳисоби интиқолдиҳанда, борфиристонанда ё боргирандае, ки барои интиқоли бор шартнома мебандад ва шартномаи интиқоли борро иҷро мекунад ё иҷрои онро ташкил мекунад, фаъолият анҷом медиҳад.

...