Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 312 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод. 507; соли 2004, № 7, мод. 466) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "муассисаи", "муассисаҳои", "Корхонаҳои", "корхонаҳои" ва "Муассисаҳои" мутобиқан ба калимаҳои "ташкилоти", "ташкилотҳои" ва "Ташкилотҳои" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 6:

- дар қисми якум калимаи "иҷозатнома" ба калимаи "иҷозатномадиҳӣ" иваз карда шавад.

- қисми сеюм хориҷ карда шавад.

3. Моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 9. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт

Мақоми вақолатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - мақоми ваколатдор) барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи наклиёт масъул мебошад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Фаъолият ва салоҳияти мақоми ваколатдор тибқи Низомнома муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.".

4. Дар моддаи 10:

- номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Моддаи 10. Салоҳияти мақоми ваколатдор

Салоҳияти мақоми ваколатдор аз инҳо иборат аст:";

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 ноября 2000 года "О транспорте" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 год, № 11, ст. 507; 2004год, № 7, ст. 466) следующие изменения и дополнения:

1. Во всем тексте Закона слова "предприятие", "предприятия", "предприятий", "предприятиями" и "предприятиям" соответственно заменить словами "организация", "организаций", "организациями" и "организациям".

2. В части первой статьи 4 слова "нормативно - правовые акты" заменить словами "нормативные правовые акты";

3. Часть третью статьи 6 исключить.

4. Статью 9 изложить в следующей редакции:

"Статья 9. Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан в сфере транспорта

Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан в сфере транспорта (далее - уполномоченный орган) является ответственным в реализации государственной политики в сфере транспорта и определяется Правительством Республики Таджикистан.

Деятельность и полномочия уполномоченного органа определяются Положением, утверждаемым Правительством Республики Таджикистан."

5. В статье 10:

- название статьи и части первой изложить в следующей редакции:

"Статья 10. Полномочия государственного органа

В полномочия уполномоченного органа входят:";

- абзацы первый и третий части первой исключить;

...