×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 № 328 "Дар бораи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда"

Санаи амалкуни: 10.05.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 788 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИ ВА ОБЪЕКТҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 39)

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 39)

Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи тадбирҳои қонунгузори, ташкилию иқтисоди, технологи ва махсус, аз ҷумла шаклҳои ҳудудии ҳифзи табиат, ки ба воситаи системаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда амали мегарданд, муҳофизат карда мешавад. Таъсири рӯзафзуни антропогении ба биосфера зарурати боз ҳам гуногунтар ва васеътар кардани масоҳати ин ҳудудҳоро ва самарабахштар истифода шудани онҳоро муайян мекунад. Дар назди манфиатҳои иқтисоди ва иқтисодию иҷтимоии ҷамъияти ба танзим даровардани ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳаққи аввалият дорад.

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузори дар бораи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Муносибатҳои соҳаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, Қонунҳои ҳифзи табиат ва ҷангал, сарватҳои зеризамини, ҳифзи ҳавои атмосфера, муҳофизат ва истифодаи олами набототу ҳайвонот, кодексҳои ҷангал, замин, об, инчунин санадҳои меъёрии мувофиқи онҳо таҳияшавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли, шартномаҳои байналмилали ва байнидавлати танзим мегардад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 39).

Моддаи 2. Мафҳум ва категорияи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қитъаҳои замин ва оби дорои аҳамияти махсуси экологию муҳофизати табии, илми, фарҳанги, эстетики ва санитарию солимгардони мебошанд, ки пурра ё қисман, ба таври доими ё муваққати аз истифодаи хоҷаги хориҷ монда, онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми муҳофизати махсус қарор додааст. Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи фаъоли барои ҳифзу таҳқиқи табиати гуногуншакл, нигаҳдории мувозинати экологи ва ба амал баровардани мониторинги биосфера пешбини гардида, инчунин ҳудудҳои шомили нақшаи умумии тараққиёт ва ҷойгиронии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи ин ҳудудҳо фонди табиию мамнӯъгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, истифодаи он танҳо бо риояи талаботи ҳамин Қонун равост (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 39).

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилали, давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли бошанд.

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ба категорияи объектҳои дорои аҳамияти байналмилали, давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури ва мақомоти ҳокимияти маҳалли мансуб мешаванд.

Категорияҳои зайли ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванд муқаррар мешавад:

мамнӯъгоҳҳои табии давлати, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳои давлатии биосфери;

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№788

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об особо охраняемых природных территориях и объектах

(в редакции Закона РТ от 10.05.2002 г.N39)

(в редакции Закона РТ от 10.05.2002 г.N39)

Охрана природы Республики Таджикистан осуществляется путем применения законодательных, организационно-экономических, технологических и специальных мер, в том числе территориальных форм охраны природы, реализуемых через систему особо охраняемых природных территорий. Возрастающее антропогенное воздействие на биосферу предопределяет необходимость увеличения разнообразия и площади этих территорий и повышения их эффективности. Функционирование особо охраняемых природных территорий имеет приоритет перед экономическими и социальноэкономическими интересами общества.

РАЗДЕЛ I. Общие положения

Статья 1. Законодательство об особо охраняемых природных территориях

Отношение в области особо охраняемых природных территорий регулируются Конституцией Республики Таджикистан, настоящим Законом, законами об охране природы, о недрах, об охране атмосферного воздуха, об охране и использовании животного мира, лесным, земельным, водным кодексами, а также разрабатываемыми в соответствии с ними нормативными актами Правительства Республики Таджикистан и специально уполномоченных государственных органов, местными органами власти, международными и межгосударственными договорами.

Статья 2. Определение и категории особо охраняемых природных территорий

Особо охраняемые природные территории - это участки земли и водного пространства, имеющие особо экологическое, природоохранительное, научное, культурное, эстетическое, санитарно-оздоровительное значение, изъятые полностью или частично, постоянно или временно из хозяйственной эксплуатации, в отношении которых Правительством Республики Таджикистан установлен режим особой охраны. Особо охраняемые природные территории Республики Таджикистан образуют единую функциональную систему, предназначенную для сохранения и изучению природного разнообразия, поддержания экологического равновесия и осуществления биосферного мониторинга, а также территории, включенные в утвержденную генеральную схему развития и размещения особо охраняемых природных территорий. Совокупность этих территорий составляет природно-заповедный фонд Республики Таджикистан, использование которого допускается только с соблюдением требований настоящего Закона.

Особо охраняемые природные территории могут иметь международное, государственное, республиканское и местное значение. Отнесение особо охраняемых природных территорий к категории объектов международного, государственного, республиканского и местного значения производится в соответствии с законодательством и решениями Правительства Республики Таджикистан.

Устанавливаются следующие категории особо охраняемых природных территорий:

государственные природные заповедники, в том числе государственные биосферные;

государственные природные парки республиканского (национальные парки) и местного значения (провинциальные парки);

...