ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1159, аз 22.06.2023 № 1975)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои ҳавои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;
- мамнӯъгоҳи табиӣ - ҳудуди замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ ва омӯзиши комплексҳои табиии хос ва нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст;
- парки табиӣ - ҳудуде, ки комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, рекреатсионӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст;
- резервати биосферӣ - қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо ки ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи устувори замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбинӣ шудааст;
- парваришгоҳи табиӣ - ҳудуде, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани ҷузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиӣ ба давраи муайян ҷудо гардидааст;
- ёдгории табиӣ - объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш;
- минтақаи рекреатсионӣ - қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳамияти эстетикӣ, экологӣ ва фарҳангӣ дошта, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонии аҳолӣ истифода мешавад;
...