×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 № 454 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Санаи амалкуни: 26.12.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 237 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ

(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 337, аз 12.12.1997 № 498, аз 22.05.1998 № 634, аз 26.12.2005 № 129)

(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 337, аз 12.12.1997 № 498, аз 22.05.1998 № 634, аз 26.12.2005 № 129)

Ҳамин Қонун асосҳои умумии ҳуқуқию иқтисодии дар шароити инкишоф ёфтани муносибатҳои бозори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудан ва фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомиро муайян менамояд.

Қонун ба таъмини инкишофи шаклҳои гуногуни моликият равона гардидааст. Он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдоронро ҳангоми амали намудани фаъолияти хоҷагиашон муайян намуда, муносибатҳои дохили ҷамъияти саҳомиро бо мақомоти идораи давлати танзим мекунад.

ФАСЛИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Ҷамъияти саҳоми ва вазифаҳои асосии он

Ҷамъияти саҳоми (минбаъд "ҷамъият" номида мешавад) иттиҳодияе мебошад, ки дар асоси созиши ихтиёрии шахсони юридики ва воқеи, аз ҷумла хориҷи бо роҳи якҷоя кардани маблағҳои онҳо барои ташкили ҳамагуна шаклҳои фаъолияти хоҷагии дар Оиннома нишон додашуда, ба ғайр аз он шаклҳои фаъолияте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардаанд, ташкил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 337, аз 22.05.1998 № 634).

Ҷамъиятҳо бе маҳдуд кардани мӯҳлати фаъолияташон ташкил карда мешаванд, ба шарте ки дар оинномаҳои онҳо мӯҳлати дигар пешбини нашуда бошад.

Ҷамъиятҳо дорои ҳуқуқи шахси юридики буда, номгӯй ва нишони ҷамъият, мӯҳри мудаввар бо номи худ ва нишони ба қайд гирифташудаи ҷамъиятро доранд.

Дар ҳолатҳои зарури ҷамъият метавонад номи ихтисоршудаи расми дошта бошад.

Ҷамъиятҳо дар масъалаҳои муайян намудани шакли идоракуни, қабули қарорҳои хоҷаги, фурӯши маҳсулот, муқаррар намудани музди меҳнат ва тақсими фоидаи холис дорои мустақилияти томи хоҷаги мебошанд.

Давлат ба фаъолияти ҷамъиятҳои саҳоми ба воситаи андоз муайян намудани дараҷаи ҳадди ақали музди меҳнат, муқаррар кардани нархи баъзе маҳсулот таъсир мерасонад.

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 5.03.2007г. №237

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ОБ АКЦИОНЕРНЫХ ОБЩЕСТВАХ

(В редакции Законов РТ от 14 декабря 1996 г. № 337, от 12 декабря 1997 г. № 498, от 22 мая 1998 г. № 634, от 26 декабря 2005 года №129)

(В редакции Законов РТ от 14 декабря 1996 г. № 337, от 12 декабря 1997 г. № 498, от 22 мая 1998 г. № 634, от 26 декабря 2005 года №129)

Настоящий Закон определяет общие правовые и экономические основы организации и деятельности акционерных обществ на территории Республики Таджикистан в условиях развития рыночных отношений.

Закон направлен на обеспечение развития многообразия форм собственности, определяет права и обязанности акционеров при осуществлении хозяйственной деятельности, регулирует отношения внутри акционерного общества с органами государственного управления.

РАЗДЕЛ I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Акционерное общество и его главные задачи

Акционерным обществом (далее "общество") является построенное на основе добровольного соглашения объединение юридических и физических лиц в том числе иностранных путем объединения их вкладов для осуществления любых видов хозяйственной деятельности, отраженных в Уставе общества, за исключением видов деятельности, которые запрещены законодательством Республики Таджикистан. (в редакции Закона РТ от 14.12.1996г.№337)

Общества создаются без ограничения срока существования, если иное не оговорено в их Уставе.

Общества являются юридическими лицами, имеют фирменное названиеи фирменный знак,круглую печать со своим наименованием и зарегистрированным фирменным знаком.

При необходимости общество может иметь официальное сокращенное наименование.

Общества обладают полной хозяйственной самостоятельностью в вопросах определения формы управления, принятия хозяйственных решений, сбыта, установления оплаты труда, распределения чистой прибыли.

Воздействие государства на деятельность акционерных обществ осуществляется через налоги, определение уровня минимальной заработной платы, установление цен на определенные виды продукции.

...