ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" аз 23 декабри соли 1991 (Ахбороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992., № 4, моддаи 39; Ахбороти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 23, моддаи 362; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997, № 498) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:
1. Дар матни Қонун калимаи "ном" ба калимаи "номгӯй" иваз карда шавад, баъди калимаи "Шӯрои директорон" бо калимаи "шӯрои назоратӣ" пурра карда шавад.
2. Дар қисми аввали моддаи 1 калимаҳои "дархости оиди таъсиси ҷамъият" ба калимаи "Оиннома" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 2;
дар қисми аввал баъди калимаи "оинномаи" ба калимаҳои "ва номгӯи фирмавии" пурра карда шавад, калимаҳои "аз даст ба даст гузаранд" бо калимаҳои "бегона карда шаванд" иваз карда шаванд:
қисми дуюм чунин таҳрир карда шавад:
"Шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида набояд аз 50 нафар зиёд бошад. Агар шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида аз 50 нафар зиёд бошад, дар давоми се моҳи минбаъда ҷамъият вазифадор аст, маҷлиси умумии саҳмдоронро барои қабули қарор дар бораи тағйир додани шакли ҷамъият ба шакли ҷамъияти озод (кушода) гузаронад. Агар пас аз ба охир расидани мӯҳлати нишондодашуда, ҷамъияти пӯшида ба ҷамъияти озод (кушода) табдил дода нашавад ва шумораи соҳибони саҳмҳои муқаррарӣ то дараҷаи нишондодашуда кам нагардад, дар он сурат бо аризаи шахсони манфиатдор ҳалли ин масъала ба суд пешниҳод мешавад".
Қисми сеюм хориҷ карда шавад;
Қисми панҷум бо калимаҳои зерин пурра карда шавад:
"Саҳомон мувофиқи қимати саҳмашон ба ӯҳдадориҳои ҷамъият масъул мебошанд;
қисми чорум ва панҷум мутобиқан қисми сеюм ва чорум ҳисобида шавад".
4. Дар моддаи 3:
...