ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИДИ ДОХИЛ НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУPИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳоми" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 4, моддаи 39) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:
1. Дар матни Қонун рақамгузории бандҳо хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
ба қисми якуми модда баъди калимаҳои "ашхоси воқеи" калимаҳои "аз ҷумла хориҷи" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 2;
ба модда қисми дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҷамъиятҳои саҳомии навъи пӯшида дар асоси қарори маҷлиси умумии саҳомон метавонанд ба ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода табдил дода шаванд";
қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум ҳисобида шаванд. 4. Дар моддаи 3:
қисми дуюм дар таҳрири зайл баён шавад:
"Шумораи муассисони ҷамъият маҳдуд нест. Агар ҷамъият як муассис, аз ҷумла коллективи меҳнати дошта бошад, аҳдномаи муассиси тартиб дода намешавад";
дар қисми чорум калимаҳои "ба комитети иҷроияи ноҳия, ноҳияви дар шаҳр ва Шӯрои шаҳрии депутатҳои халқ" бо калимаҳои "ба мақомоти бақайдгири, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Ба Қонун моддаи 3 (1)-уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
...