ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223)
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223)
Ҳамин Қонун тартиби ба амал баровардани сиёсати давлатии ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои давлат, ташкилотҳои ҷавонон ва шаҳрвандони ҷавонро танзим мекунад, барои инкишофи Қонунҳо ва амалиёти Маҷлисҳои вакилонии халқ, ки бояд механизми татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таъмин намоянд, асоси ҳуқуқи мебошад .
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Сиёсати давлатии ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисоди, сиёси, ташкили ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлати бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчи бештар амали гардидани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият тадбиқ менамоянд.
Моддаи 2. Принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зайл сурат мегирад:
- мутобиқати манфиатҳои давлатию ҷамъияти ва шахси, ҳуқуқ, озоди, вазифаҳои шаҳрвандон дар ташаккул ва ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати даватии ҷавонон;
- ҷалб намудани ҷавонон ба иштироки бевосита дар ташкилу татбиқи сиёсат ва барномаҳое, ки ба тараққиёти ҷумҳури, махсусан ҷавонон, тааллуқ доранд;
- таъмини ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии шаҳрвандони ҷавоне, ки аз сабаби хурдии синну сол қобилияти фаъолияти маҳдуд доранд;
- мунтазамии сиёсати давлатии ҷавонон, хусусияти комлпексии илман асосноки он барои таъмини пуррагии раванди ташаккули иҷтимои ва инкишофи ҷавонон;
...