×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004, № 52 "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Санаи амалкуни: 27.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1830 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 716, аз 27.11.2014 № 1161)

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 716, аз 27.11.2014 № 1161)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 716).

БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

ҷавонон - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад;

иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонон - ташкилоти ихтиёрӣ буда, бо ташаббуси ҷавонон, ки дар асоси умумияти манфиат барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона ва ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид мегарданд, таъсис дода мешавад;

оилаи ҷавон - оилае, ки дар он зану шавҳар ё яке аз онҳо ба синни 30-солагӣ нарасидаанд, инчунин падару модароне, ки дар синни то 30-солагӣ кӯдакони ноболиғ доранд;

муассисаи (хадамоти) иҷтимоии ҷавонон - шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки ҷавононро дастгирӣ намуда, ба онҳо хизмати иҷтимоию ҳуқуқӣ, маишӣ, тиббӣ, психологию омӯзишӣ, кӯмаки моддию молиявӣ мерасонад, мутобиқат ва тавонбахшии иҷтимоию психологии онҳоро таъмин мекунад. Ба сохтори муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон инчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки ба хизматрасонии ҷавонон машғул мебошанд, дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 716);

воҳидҳои зерсохтории ҷавонон - маҷмӯи омилҳои (биноҳо, иморатҳо, иншоот, таҷҳизот) барои фаъолияти ҷавонон зарур ва муассисаҳое, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия, инкишофи ҷисмонӣ, туризм, шуғл ва дигар талаботи иҷтимоии онҳоро таъмин менамоянд;

сиёсати давлатии ҷавонон - системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад.

...

Утратил силу в редакции Закон РТ от 23 декабря 2021 года, №1830

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О МОЛОДЕЖИ И ГОСУДАРСТВЕННОЙ МОЛОДЕЖНОЙ ПОЛИТИКЕ"

(в редакции Закона РТ от 28.06.2011 № 716, от 27.11.2014г.№1161)

(в редакции Закона РТ от 28.06.2011 № 716, от 27.11.2014г.№1161)

Настоящий Закон, устанавливая организационные, правовые, социально-экономические основы воспитания, становления и развития молодёжи, определяет принципы и меры реализации государственной политики в области эффективного использования интеллектуального и духовного потенциала молодежи, направленного в интересах общества.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие понятия:

молодежь - социально-демографическая группа, охватывающая лиц в возрасте 14-30 лет;

молодежное общественное объединение - добровольная организация, созданная по инициативе молодежи, объединяющаяся на основе общности интересов для решения единых целей, задач и социальной защиты;

молодая семья - семья, в которой супруги, или один из них, не достигли тридцатилетнего возраста, а также родители в возрасте до 30 лет, имеющие несовершеннолетних детей;

социальное учреждение (службы) для молодежи - юридическое лицо, независимо от организационно-правовой формы и собственности, поддерживающее молодежь, оказывающее ей социальные, правовые, бытовые, медицинские, психолого-образовательные услуги, материальную и финансовую помощь, обеспечивающее её социальную и психологическую адаптацию и реабилитацию. В состав социальных учреждений для молодежи входят также индивидуальные предприниматели, занятые обслуживанием молодёжи;

инфраструктурные подразделения молодежи - совокупность факторов (строения, здания, сооружения, оборудование), необходимых для деятельности молодежи, а также учреждения, обеспечивающие её социальную защиту, воспитание и обучение, физическое развитие, туризм, занятость и другие социальные потребности;

государственная молодёжная политика - единая система социальноэкономических, организационных, правовых и воспитательных мер, которые осуществляются и реализуются органами государственной власти, организациями и учреждениями, независимо от организационно-правовых форм и собственности, общественными объединениями молодежи и гражданами в целях обеспечения воспитания и обучения, становления и развития молодёжи, правовой защиты и эффективного использования её потенциала в интересах общества.

...