Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1305
Замима
ба фармоиши директори
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 сентябри соли 2024,
№1/37 ТАРТИБИ ЭЪТИРОФИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ, КИ ТИБҚИ ҲУҚУҚИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ОМОДА КАРДА ШУДААСТ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст (минбаъд – Тартиб) тартиби эътирофи имзои электрониро, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, муайян менамояд.
2. Эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Имзои электроние, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун имзои электронӣ дар сурате эътироф карда мешавад, ки он ба намуди имзои электронии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» мутобиқ бошад.
4. Имзои электронӣ ва ҳуҷҷати электроние, ки бо он имзо шудааст, танҳо дар асоси он, ки сертификати калиди имзои электронӣ тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ дода шудааст, эътибори ҳуқуқӣ надошта ҳисобида намешавад.
...