ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори дигар дар доираи маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ ҷудошаванда ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3.Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол то 1 январ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4.Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 ноябри соли 2025, № 648
...