ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Нақшаи амали мазкурро таъмин карда, ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Нақшаи амали мазкур маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 637
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Плане действий Программы развития пастбищ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы в 2026-2027 годах
В соответствии с статьёй 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить План действий Программы развития пастбищ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы в 2026-2027 годах (прилагается).
2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнения настоящего Плана действий и ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящего Плана действий.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 22 ноября 2025 года №637