бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
мутобиқи Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ аз 26 майи соли 2004,
бо эҳтироми манфиатҳои мутақобила ва нияти таъмини дастрасии бемамониати як Тараф барои истифодаи объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, ки дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ҷойгиранд,
бо таъкиди моҳиятан муҳим будани истифодаи муштараки сарбанди саргаҳ бо се дарвоза ва иншооти саргаҳи обгирии канали Масчоҳӣ/Ак-Татир,
бо дар назар доштани принсипҳои баробарии соҳибихтиёрӣ, манфиати ҳамдигар ва ҳамсоягии нек,
ба мувофиқаи зайл омаданд:
Моддаи 1
Дар Созишномаи мазкур истилоҳоти зерин истифода мешаванд:
-«объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» - объектҳое, ки дар моликияти як Тараф қарор дошта, дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ҷойгир шудаанд ва дар замимаҳои 1 ва 2-и Созишномаи мазкур зикр гардидаанд;
-«саргаҳи сарбанд бо се дарвоза» - сарбанди оҳану бетонии дорои се дарвоза, ки дар дарёи Исфара (Оқ-Суу) ҷойгир буда, аз байни он хатти Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад;
-«иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир» - иншооти саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир навъи бесарбанд, бо обгирии паҳлӯӣ аз дарёи Исфара (Оқ-Суу);
-«ҳуқуқи моликиятӣ» - бо салоҳдиди худ ҳуқуқи соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои хоҷагии об ва энергетикии як Тараф, ки дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ҷойгир аст;
-«истифодабарӣ» — амалӣ намудани тадбирҳои маҷмуӣ барои идоракунӣ ва нигоҳдошти объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, сарбанди саргаҳ бо се дарвоза, иншооти саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир, пешбурди назорати техникӣ, азнавсозӣ, корҳои таъмиру барқарорсозӣ;
-«ҳолати фавқулода» - вазъе, ки дар натиҷаи садама, ҳодисаи хатарноки табиӣ, фалокат, офатҳои табиӣ ё дигар намуди офат ба вуқуъ меояд, ки боиси халалдор шудани фаъолияти объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ мегарданд ё метавонад бошанд;
-«зарари моддӣ» - зарари воқеие, ки ба бино ва иншооти объектҳои хоҷагии обу энергетика, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Тарафҳо расонида шудааст, ба истиснои фоидаи аздастрафта.
«ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» - шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи шахсият), шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳодатномаи шахсият - шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон.
Моддаи 2
Тарафҳо дастрасии бемамониатиро ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикии як Тараф, ки дар ҳудуди Тарафи дигар ҷойгиранд, бо мақсади истифодабарӣ таъмин менамоянд.
Тарафҳо ҳуқуқи моликиятӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикиеро, ки дар ҳудуди давлатҳои худ ҷойгиранд ва тибқи замимаҳои 1 ва 2 ба Созишномаи мазкур пешбинӣ шуда, ба Тарафи дигар тааллуқ доранд, эътироф мекунанд.
Номгӯи объектҳои хоҷагии об ва энергетикии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, мутобиқи замимаи 1 Созишномаи мазкур муайян карда шуданд.
Номгӯи объектҳои хоҷагии об ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгиранд, мутобиқи замимаи 2 Созишномаи мазкур муайян карда шуданд.
Моддаи 3
Тарафе, ки дар ҳудудаш объекти хоҷагии об ва энергетикии Тарафи дигар ҷойгир аст, ба мутахассисон ва ҳайати кормандони мақомоти ваколатдори Тарафи дигар дастрасии бемамониат, ҳузури бемуҳлат ва бешумори ҳайати кормандонро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва бидуни гузоштани муҳр барои гузаштан аз Сарҳади давлатӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояшон вобаста ба истифодабарӣ, вуруду судури нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳи зарурӣ барои анҷом додани таъмир, корҳои садамавӣ-барқарорсозӣ, таъмири ҷорӣ ва асосӣ, таҷдид, амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати огоҳ намудан оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин бартарафсозии оқибатхои онҳо дар объектҳоро таъмин менамояд.
Воситаҳои нақлиёт, техника, таҷҳизот ва маводи дар ҳамин модда зикршуда ва барои объектҳои хоҷагии обу энергетикӣ таъиншуда аз ҷониби Тарафҳо аз андозҳо, пардохтҳо, боҷ, пардохтҳои суғуртавӣ ё дигар пардохтҳо озод карда мешаванд.
Тарафе, ки дар ҳудудаш объекти хоҷагии об ва энергетикии Тарафи дигар ҷойгир аст, бехатарӣ, дахлнопазирӣ ва муҳофизати он, инчунин бехатарии ҳайати кормандони Тарафи дигарро ҳангоми дар ҳудуди давлати худ буданашон таъмин менамояд. Милликунонӣ, мусодира, экспроприатсия, реквизитсия, инчунин муқаррар намудан ё истифодаи ҳамаи намуди маҳдудият ва мамониат нисбат ба ҳуқуқи моликиятӣ ва истифодабарии объектҳои хоҷагии обу энергетикии як Тараф, ки дар ҳудуди Тарафи дигар ҷойгиранд, манъ мебошад.
Объектҳои хоҷагии обу энергетикӣ дар ҳудуди Тарафҳо мавриди андозбандӣ, пардохти боҷ ва дигар пардохтҳо қарор дода намешаванд.
Тарафе, ки ба бино ва иншооти объектҳои хоҷагии обу энергетикии Тарафи дигар дар ҳудуди худ зарари моддӣ расонидааст, ба истиснои зарари моддие, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода ба миён омадааст, ин зарарро пурра ҷуброн мекунад.
Тарафе, ки дар натиҷаи садамаи дар объектҳои хоҷагии об бо айби кормандон бавуқуъомада ба Тарафи дигар зарари моддӣ расонидааст, ба истиснои зарари моддие, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба вуҷуд омадааст, онро пурра ҷуброн мекунад.
Моддаи 4
Гузаштани ҳайати кормандон, интиқоли воситаҳои нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳи дар моддаи 3 Созишномаи мазкур пешбинишуда тавассути сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бидуни монеа ва таъҷилӣ тавассути гузаргоҳҳое, ки тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба нуқтаи гузаргоҳҳо аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз 26 майи соли 2004 муайян шудаанд, ба истиснои сархати 3 моддаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.
Бо мақсади бемамониат ва таъҷилан гузаштани Сарҳади давлатӣ, мақомоти ваколатдори Тарафҳо на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ ба ҳамдигар рӯйхати шахсон, воситаҳои нақлиётӣ, техника, таҷҳизоту масолеҳ, инчунин номгӯйи корҳои иҷрошавандаро бо нишон додани объекти хоҷагии обу энергетикӣ пешниҳод менамоянд.
Гузаронидани мутахассисон ва кормандони мақомоти ваколатдори ҷониби Тоҷикистон, воситаҳои нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳ аз сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон 2, канали мошинии пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон 2 ва зеристгоҳи Хоҷабоқирғони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон ва ҳайати кормандони мақомоти ваколатдори ҷониби Қирғизистон, воситаҳои нақлиётӣ, техника, таҷҳизот ва масолеҳ ба силсилапойгоҳҳои обкашии Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон бемамониат бо тартиби содакардашуда берун аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ тавассути пули Канали Калони Фарғона, ки дар тарафи шарқии пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон 2 ҷойгир аст ё дар ҳолати ғайрикорӣ будани ин пул тавассути пули дар тарафи ғарбии пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон 2 ҷойгирбуда, танҳо бо пешниҳоди пешакии рӯйхат ва номгӯй, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва бидуни гузоштани муҳр барои гузаштан аз сарҳад дар соатҳои муқарраршудаи ҳаррӯза, танҳо бо мақсади истифодабарии ин объектҳо амалӣ гардонида мешавад.
Мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳар сол рӯйхати ҳайати кормандон, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот, ҳаррӯза гузариши техника ва масолеҳи дар сархати 3 ҳамин модда зикршударо барои онҳо ба ҳамдигар пешниҳод менамоянд. Дар мавриди зарурат мақомоти ваколатдори Тарафҳо дар бораи тағйироти бамиёномада дар рӯйхатҳои зикргардидаи кормандон, воситаҳои нақлиёт ва номгӯйи таҷҳизот, техника ва масолеҳ якдигарро огоҳ менамоянд.
Моддаи 5
Тарафе, ки дар ҳудудаш объектҳои хоҷагии оби Тарафи дигар ҷойгиранд, бо мувофиқаи Тарафҳо обро аз онҳо мегирад.
Тарафе, ки дар ҳудудаш объектҳои энергетикии Тарафи дигар ҷойгиранд, интиқоли мутақобилаи неруи барқ (иқтидор)-ро тавассути объектҳои дахлдори дар замимаҳои 1 ва 2 Созишномаи мазкур зикргардида, дар асоси шартномаҳои байни шахсони ҳуқуқии системаҳои энергетикии ду давлат, ки дар он шартҳо, ухдадориҳо ва дигар талабот дарҷ карда шудааст, анҷом медиҳад.
Ҳар як Тараф тамоми хароҷоти таъмини фаъолияти объектҳои хоҷагии обу энергетикии дар моликияташ қарордоштаро аз ҳисоби худ мепӯшонад.
Ҷониби Тоҷикистон уҳдадор мегардад, ки корҳои тозакунӣ ва таъмиру барқарорсозии канали Мастчоҳӣ/Ак-Татирро дар ҳудуди худ анҷом диҳад. Дар сурати ғайриимкон будани иҷрои ин корҳо аз ҷониби Тоҷикистон, корҳои тозакунӣ ва таъмиру барқарорсозӣ бо мувофиқаи Тарафҳо якҷо анҷом дода мешавад.
Ҷониби Қирғизистон уҳдадор мегардад, ки корҳои тозакунӣ ва таъмиру барқарорсозии канали таъминотии Тортгулро дар ҳудуди худ анҷом диҳад.
Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани мониторинги муштараки зарурияти тоза кардани канали Мастчоҳӣ/Оқ-Татир тариқи соддакардашуда гузаштани бемамониати мутахассисон ва ҳайати мақомоти ваколатдори ҷониби Қирғизистонро аз гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон тавассути роҳи саҳроӣ, ки дар тарафи чапи дарёи Исфара (Оқ-Суу) ҷойгир аст, тибқи рӯйхати пешакии пешниҳодшуда бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва бидуни гузоштани муҳр барои аз Сарҳади давлатӣ гузаштан, ҳангоми зарурият таъмин менамояд.
Моддаи 6
Тарафҳо гузаштани бемамониати аз сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро барои истифодабарии муштараки саргаҳи сарбанд бо се дарвоза берун аз гузаргоҳҳо тавассути ин иншоот ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир берун аз нуқтаҳои гузаргоҳ тавассути роҳи саҳроӣ, ки дар тарафи чапи дарёи Исфара (Ок-Суу) ҷойгир аст, дар соатҳои муқарраршудаи ҳаррӯза таъмин мекунанд.
Механизми истифодабарии муштараки саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир бо Тартиби алоҳида, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад, танзим карда мешавад (Замимаи 3).
Моддаи 7
Тарафҳо барои истифодабарии саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти сарбанди обгирандаи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир, аз ҷумла барои таъмири ҷорӣ ва асосӣ, барқарорсозӣ ё таҷдиди иншоот бо ҳиссаи баробар маблағ ҷудо менамоянд.
Моддаи 8
Ҷониби Қирғизистон ба ҷониби Тоҷикистон гузаштани бемамониатро ба канали Дам, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, инчунин дастрасии бемамониатиро ба қитъаи ин канал, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ аст, берун аз гузаргоҳҳо тавассути пули дар самти маҳалли аҳолинишини Кук-Тоши ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгирбуда барои истифодабарӣ, вуруд ва судури нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳи зарурӣ, ки барои корҳои таъмиру барқарорсозӣ, таъмири ҷорӣ ва асосӣ, таҷдид, ба амал баровардани тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин рафъи оқибатҳои онҳо ва истифодабарии канали сарбанд пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
Воситаҳои нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳе, ки барои истифодабарии канали Дам пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби Тарафҳо мавриди андозбандӣ, пардохти боҷ, хироҷ ва дигар пардохтҳо қарор дода намешавад.
Бо мақсади таъмини транзити бехатар ва бемамониати мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на камтар аз 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон рӯйхати шахсон, нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳ, инчунин сана ва вақти ҳозиршавиро пешниҳод менамояд.
Моддаи 9
Дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода дар иншооти хоҷагии обу энергетикӣ Тарафҳо ҳамдигарро бетаъхирона огоҳ мекунанд ва ҷиҳати пешгирӣ, коҳиш додан ва рафъи оқибатҳои онҳо, аз ҷумла дастрасии фаврӣ ва бемамониатро ба намояндагону техникаи зарурии Тарафи дигар таъмин менамоянд.
Моддаи 10
Мақомоти ваколатдори Тарафҳо, ки масъули амалисозии Созишномаи мазкур мебошанд, инҳоянд:
Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон - Хадамоти захираҳои оби назди Вазорати захираҳои об, хоҷагии кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон;
Дар сурати таъини мақоми масъули дигар ё тағйири номи он Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ якдигарро огоҳ менамоянд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии амали Тарафҳо вобаста ба амалисозии Созишномаи мазкур ва баррасии дуҷонибаи масъалаҳои хоҷагии об, Тарафҳо дар асоси баробарӣ, на дертар аз се моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистонро таъсис медиҳанд.
Моддаи 11
Ба зиммаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон вогузор карда мешавад:
-мувофиқагардонии ҷадвали тақсимоти об дар иншооти гидротехникӣ;
-ташкили мубодилаи маълумоти дидбонгоҳҳои обченкунии иншооти гидротехникӣ;
-ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба огоҳонӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар иншооти гидротехникӣ;
-ҷалби сармоягузорӣ барои навсозии иншооти гидротехникӣ;
-баррасии масъалаҳои дигари хоҷагии об.
Моддаи 12
Дар сурати ба миён омадани баҳсу ихтилофот байни Тарафҳо вобаста ба тафсир ё амалисозии Созишномаи мазкур, Тарафҳо онҳоро тавассути гуфтушунид ва машварати дуҷониба ҳал менамоянд.
Моддаи 13
Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо бо протоколҳои алоҳида, ки қисми ҷудонашавандаи он мегардад, ворид намоянд.
Моддаи 14
Созишномаи мазкур ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳоро, ки аз шартномаҳои дигари байналмилалиашон бармеоянд, халалдор намесозад.
Моддаи 15
Созишномаи мазкур бояд тасдиқ карда шавад ва ҳамзамон бо Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯзи мубодилаи тасдиқномаҳо эътибор пайдо мекунад.
Созишномаи мазкур наметавонад яктарафа боздошт, қатъ ё бекор карда шавад.
Дар шаҳри Бишкек 13 марти соли 2025 дар ду нусха бо забонҳои
тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ, ки ҳар кадоме эътибори яксони ҳуқуқӣ доранд, ба имзо расид.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ихтилофот дар тафсири матни Созишномаи мазкур, Тарафҳо матни забони русиро ба инобат мегиранд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон |
Ниг. ба Замимаҳои 1 - 2
Замимаи 3
Тартиби истифодабарии муштараки саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир
Амалисозии Тартиби мазкур ба зиммаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон (минбаъд - Комиссия) ва мақомоти ваколатдори Тарафҳо вогузор карда мешавад.
Барои истифодабарии муштараки саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир Тарафҳо тавассути Комиссия ва мақомоти ваколатдори худ:
1.Ба таври муштарак ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба истифодабарии саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир амалӣ менамоянд.
2.Руйхати ҳайати шахсоне, ки ба истифодабарии саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир ҷалб мегарданд, мустақилона муайян ва мубодила менамоянд.
3.Ҷадвали солона ва намуди корҳои муштарак оид ба истифодабарии саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татирро якҷо тартиб медиҳанд.
4.Бо мақсади таъмини гузаштани бемамониат ва таъҷилӣ аз Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти ваколатдор на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ ба якдигар рӯйхати шахсон, нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳро барои огоҳ намудани мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мақомоти гумруки Тарафҳо пешниҳод менамоянд.
Воситаҳои нақлиёт, техника, таҷҳизот ва масолеҳи дар ҳамин банд пешбинишуда аз андозҳо, боҷ, хироҷ, аъзоҳаққии суғуртавӣ ва пардохтҳои дигар озод мебошанд.
5.Дар сурати ба амал омадани вазъи фавқулода дар саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир мақомоти ваколатдор якдигарро фавран огоҳ карда, барои пешгирӣ, коҳишдиҳӣ ва бартараф кардани оқибатҳои он ва дар мавридҳои зарурӣ мақомоти масъул оид ба ҳолатҳои фавкулодаро ҷалб намуда, чораҳои муштарак меандешанд.
6.Барои таҷдиду азнавсозии саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир ба таври муштарак сармояи хориҷиро ҷалб менамоянд. Барои таъмири ҷорӣ ва асосӣ, барқарорсозӣ ё таҷдиди саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир маблағҳои пулиро бо ҳиссаи баробар ҷудо менамоянд.
7.Хароҷоти марбут ба нигоҳдории ҳайати кормандони ҳудро мустақилона мепӯшонанд.
8.Бехатарии ҳайати кормандонро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳояшон дар ҳудуди давлати дигар таъмин менамоянд.
9.Ҷадвали тақсимоти обро дар саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир тартиб дода, онро мувофиқа мегардонанд.
10.Мушоҳида ва ченкунии масрафи обро дар саргаҳи сарбанд бо се дарвоза ва иншооти обгирии саргаҳи канали Мастчоҳӣ/Ак-Татир (на камтар аз се маротиба дар як шабонарӯз) дар давоми сол мегузаронанд.