ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, ки 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Қирғизистонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 18 марти соли 2025, №1593
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ратификации Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики по обеспечению доступа к водохозяйственным и энергетическим объектам
В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
1. Ратифицировать Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики по обеспечению доступа к водохозяйственным и энергетическим объектам, подписанное 13 марта 2025 года в городе Бишкеке.
2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Кыргызскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Соглашения.
Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли Республики Таджикистан М. Зокирзода
г. Душанбе, 18 марта 2025 года, №1593