Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ аз 28 феврали соли 2025, № 120

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025, № 120 

Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 309)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ (минбаъд – Қоидаҳо) тартиби муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва кашфи тиҷоратиро муайян менамояд.

2. Асос барои ҳисоб ва муайян намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки алоҳида ин захираи канданиҳои фоиданок ва арзиши он мебошад.

3. Арзиши металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра ва платина) ва металлҳои дигар дар асоси нарх дар биржаи металлҳои Лондон, металлҳои қиматбаҳои Лондон ё биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ), ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҳисоб карда мешавад.

4. Арзиши навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ дар сохтмон истифодашаванда дар асоси мониторинги ҳар семоҳаи нархҳои ҷории фӯрухташавандаи захираҳои моддӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон мутобиқи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ва тартиби муқаррарнамудаи «Маҷмуаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ва захираҳои сохтмонӣ» муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар арзиши захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯйи нархҳои таҳвили на кам аз ду субъекти соҳибкорӣ дар шаҳр, ноҳия ё минтақаи дахлдор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4(1). Арзиши нафти хом, конденсати газ ва гази табиӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 309).

5. Агар дар Қоидаҳои мазкур муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад, арзиши канданиҳои фоиданок аз рӯйи арзише, ки дар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ) дар давраи ҳисоби андоз ташаккул ёфтааст, муайян карда мешавад.

2. ТАРТИБИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ АНДОЗАИ БОНУСИ ОБУНАВӢ ВА БОНУСИ КАШФИ ТИҶОРАТӢ

...


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025, № 120

 

Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ (минбаъд – Қоидаҳо) тартиби муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва кашфи тиҷоратиро муайян менамояд.

2. Асос барои ҳисоб ва муайян намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки алоҳида ин захираи канданиҳои фоиданок ва арзиши он мебошад.

3. Арзиши металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра ва платина) ва металлҳои дигар дар асоси нарх дар биржаи металлҳои Лондон, металлҳои қиматбаҳои Лондон ё биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ), ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҳисоб карда мешавад.

4. Арзиши навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ дар сохтмон истифодашаванда дар асоси мониторинги ҳар семоҳаи нархҳои ҷории фӯрухташавандаи захираҳои моддӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон мутобиқи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ва тартиби муқаррарнамудаи «Маҷмуаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ва захираҳои сохтмонӣ» муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар арзиши захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯйи нархҳои таҳвили на кам аз ду субъекти соҳибкорӣ дар шаҳр, ноҳия ё минтақаи дахлдор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5. Агар дар Қоидаҳои мазкур муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад, арзиши канданиҳои фоиданок аз рӯйи арзише, ки дар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ) дар давраи ҳисоби андоз ташаккул ёфтааст, муайян карда мешавад.

2. ТАРТИБИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ АНДОЗАИ БОНУСИ ОБУНАВӢ ВА БОНУСИ КАШФИ ТИҶОРАТӢ

6. Андозаи бонуси обунавӣ барои ҳар як намуди фаъолият оид ба истифодаи захираҳои табиӣ дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад.

7. Фаъолият оид ба истифодабарии захираҳои табиӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- омӯзиши геологӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданок ва тадқиқотҳои дигари геологӣ;

- истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда;

- истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул;

- ҷамъоварии ҷинсҳои қишрҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва кӯҳӣ;

- истифодабарии захираҳои табиии дигар, аз ҷумла истифодаи партовҳои истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди онҳо.

8. Андозаи ибтидоии бонуси обунавӣ барои омӯзиши геологӣ барои ҳар як шартномаи басташаванда дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:


р/т

Намудҳои омӯзиши геологӣ

Андозаи ҳадди ақалии бонуси обунавӣ (аз рӯйи нишондиҳанда барои ҳисобҳо)

1.

Омӯзиши геологӣ дар майдонҳои нафту газ

5000

 

2.

Омӯзиши геологии канданиҳои фоиданоки маъданӣ

3000

 

 

    3.

Омӯзиши геологии канданиҳои фоиданоки ғайримаъданӣ, ба ғайр аз корҳои омӯзиши геологии  канданиҳои фоиданоки маъмул

1000

 

 

4.

Омӯзиши геологии партовҳои истеҳсолӣ ва эфилҳои дар натиҷаи корҳои истихроҷӣ бавуҷудомада

100

 

    5.

Омӯзиши геологии ҷамъоварии ҷинсҳои минералогӣ, пленонтологӣ ва кӯҳӣ

50


9. Андозаи ибтидоии бонуси обунавӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки алоҳида аз рӯйи ҳар як шартномаи басташаванда дар ҳаҷми зерин муайян карда мешавад:

- барои истихроҷи нафти хом, конденсати газ ва гази табиӣ аз рӯйи формулаи (С х 4 %) + (Сп х 1%), вале на камтар аз андозаи 20000 (бист ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои калон; 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои миёна; 5000 (панҷ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои хурд;

- барои истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба истиснои канданиҳои фоиданоке, ки дар сархатҳои якум, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми банди мазкур муайян шудаанд, аз рӯйи формулаи (С х 1%) + (Сп х 0,50%), вале на камтар аз андозаи 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои калон; 5000 (панҷ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои миёна ва 2500 (ду ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои конҳои хурд;

- барои истихроҷи ангишт аз рӯйи формулаи (С х 1%) + (Сп х 0,50%), агар ҳаҷми захираи кон зиёда аз 10 млн тонна бошад бо меъёри 1,5% аз ҳаҷми воқеии истихроҷ;

- барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул аз рӯйи формулаи (С х 1%), вале на камтар аз 1000 (ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ, ашёи хоми кӯҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм ба андозаи 3000 (се ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои истихроҷи партовҳои истеҳсолии канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти коркарди онҳо аз рӯйи формулаи (С х 1%), вале на камтар аз андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Эзоҳ:

1. Меъёри барои истихроҷи ангишт пешбинигардида нисбат ба суъектҳое, ки то қабули Қоидаҳои мазкур бонуси обунавиро пурра пардохт намуданд, татбиқ намегардад.

2. Субъектҳое, ки маблағи бонуси обунавиро қисман пардохт намуданд, пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қоидаҳои мазкур бонуси обунавиро аз рӯйи ҳаҷми воқеии истихроҷи захираҳои боқимонда пардохт менамоянд.

3. Дар формулаи С - арзиши маҷмуии захираҳои канданиҳои фоиданоки тасдиқнамудаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯйи категорияҳои саноатии А, В, C1 ва Сп - арзиши маҷмуии захираҳои канданиҳои фоиданоки пешакӣ баҳододашудаи категорияи С2, ки Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ намудааст ё дар хулосаи Комиссияи мазкур ба маълумот гирифта шудаанд, ҷойгираст.


10. Бонуси кашфи тиҷоратӣ аз истифодабарандаи захираҳои табиӣ барои ҳар як кашфи канданиҳои фоиданок бо меъёри 0,01% аз нархи захираҳои табиии кашфшуда, ки онҳоро Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ситонида мешавад.

3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

11. Шахсоне, ки муқаррароти Қоидаҳои мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.