ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ва Тартиби бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ
Мутобиқи моддаҳои 298, 300 ва 304 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ва Тартиби бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 426 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин ва Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи қаъри замин» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 120
...