Тартиби бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ аз 28 феврали соли 2025, № 120

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025, № 120

 

Тартиби бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ

1.Тартиби бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ (минбаъд - Тартиб) қоидаҳои бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология ва тартиби мувофиқа намудани шартномаи истифодабарии захираҳои табииро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамояд.

2.Шахсони ҳуқуқӣ аризаи дахлдорро бо замимаи нусхаи иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барои бастани шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология пешниҳод менамоянд.

3.Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ лоиҳаи шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он алоқамандро барои мувофиқа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

4.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 15 рузи тақвимӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология хулосаи расмии худро вобаста ба лоиҳаи шартнома пешниҳод менамоянд.

5.Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология пас аз дастрас намудани хулосаҳои дахлдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи истифодабарии захираи табииро бо истифодабарандаи захираҳои табиӣ ба имзо мерасонад ё рад менамояд.

6.Ҳангоми дар давоми то 30 рӯзи тақвимӣ аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани эъломия ва пардохти маблағи бонуси обунашавии муайяншуда, пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба омӯзиши геологӣ, ки андозаи бонуси обунавии он дар ҷадвали банди 8 замимаи 1 қарор муқаррар шудааст ва оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул, ки андозаи бонуси обунавии онҳо то 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад, истифодабарии захираҳои табиӣ бе бастани шартнома амалӣ карда мешавад.

7.Бо дар назар доштани қисми 4 моддаи 298 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бе иҷозатнома ва бе бастани шартнома истифода гардидани захираҳои табиӣ, андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (бонусҳои обунавӣ) барои тамоми давраи чунин фаъолият дар ҳаҷми меъёри дукаратаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои мазкур ситонида мешаванд ва чунин шахс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

8.Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ тибқи Тартиби мазкур сурат мегирад.


Приложение 2 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «28» февраля 2025 года, №120


Порядок заключения договора о пользовании природными ресурсами

1. Порядок заключения договора о пользовании природными ресурсами (далее - Порядок) определяет правила заключения договора о пользовании природными ресурсами между пользователем природных ресурсов и уполномоченным государственным органом в области геологии и порядок согласования заключения договора о пользовании природными ресурсами с Министерством финансов Республики Таджикистан и Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Юридические лица подают соответствующее заявление с копией лицензии на пользование природными ресурсами для заключения договора о пользовании природными ресурсами в уполномоченный государственный орган в области геологии.

3. Уполномоченный государственный орган в области геологии в течение 15 календарных представляет проект договора о пользовании природными ресурсами и связанные с ним документы, на рассмотрение Министерству финансов Республики Таджикистан и Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан и Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан в течение 15 календарных дней представляет свое официальное заключение по проекту договора уполномоченному государственному органу в области геологии.

5. Уполномоченный государственный орган в области геологии после получения соответствующих заключений Министерства финансов Республики Таджикистан и Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан подписывает или отклоняет проекты договора о пользовании природными ресурсами с пользователем природных ресурсов.

6. При предоставлении в течении 30 календарных дней налогоплательщиком декларации и уплаты суммы определенного подписного бонуса, после получения лицензии (разрешения) о геологическом изучении, размер подписного бонуса которого установлен в таблице пункта 8 приложения к постановлению и о добыче общераспространенных полезных ископаемых, размер подписного бонуса которых составляет до 500 показателей для расчетов, использование природных ресурсов осуществляется без заключения договора.

7. С учетом части 4 статьи 298 Налогового кодекса Республики Таджикистан при пользовании природными ресурсами без лицензии и заключения договора на пользование природными ресурсами, налоги за использование природных ресурсов (подписного бонуса) за весь период такой деятельности взыскивается по двукратным ставкам, установленным Налоговым кодексом Республики Таджикистан и настоящими Правилами, а такое лицо привлекается к ответственности согласно законодательству Республики Таджикистан.

8. Внесение изменений и дополнений в договор о пользовании природными ресурсами осуществляется в соответствии с настоящим Порядком.