Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 309 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №120"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №120


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 120 «Дар бораи Қоидаҳои муқаррар намудани андозаи бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ва Тартиби бастани шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ» иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

-банди 4(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4(1). Арзиши нафти хом, конденсати газ ва гази табиӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.»;

-ба эзоҳи банди 9 бандҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

“4. Маблағи бонуси обунавии дар асоси сархати якуми банди 9 муайяншуда бо меъёри 4 фоиз аз ҳаҷми воқеии истихроҷ пардохт карда мешавад.

5. Субъектҳои истихроҷи нафти хом, конденсати газ ва гази табиӣ уҳдадоранд шартномаҳои амалкунанда оид ба истифодаи захираҳои табииро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология ба муқаррароти Қоидаҳои мазкур мутобиқ намоянд”.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 309
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2025 года, №120

В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в приложение 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2025 года №120 «О Правилах установления размера подписного бонуса и бонуса коммерческого обнаружения и Порядке заключения договора пользовании природными ресурсами» следующие дополнения:

- дополнить пунктом 41 следующего содержания:

«41. Стоимость сырой нефти, газового конденсата и природного газа определяется Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.»;

- примечание к пункту 9 дополнить пунктами 4 и 5 следующего содержания:

«4. Сумма подписного бонуса, определённая на основании абзаца первого пункта 9, уплачивается по ставке 4 процента от фактического объёма добычи.

5. Субъекты добычи сырой нефти, газового конденсата и природного газа обязаны по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан, Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан и уполномоченным государственным органом в сфере геологии привести действующие договоры о пользовании природными ресурсами в соответствие с положениями настоящих Правил.».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №309


...