Низомномаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ аз 7 сентябри соли 2017 № 424

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2017, № 424

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2017, № 424

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ

1. Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ (минбаъд - комиссия) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва назорати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, № 572 "Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, № 511 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020" таъсис дода мешавад.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи. Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Комиссия ҳуқуқ дорад:

- ба ҷаласаҳо роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони комиссияҳои мусоидат ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ вилоятҳо ва шаҳри Душанберо даъват намояд ва иттилооти онҳоро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ шунавад ва баррасӣ намояд;

- аз мақомоти давлатӣ ва шахсони воқеӣ маводи заруриро оид ба иҷрои масъалаҳое, ки ба салоҳияти комиссия дохил мешаванд, дархост ва қабул намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, ки қабули қарори ниҳоиро талаб мекунанд, таклифҳо пешниҳод намояд.

4. Вазифаҳои асосии комиссия:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқиашон аз рӯи масъалаҳои баруйхатгирии аҳолӣ, иҷрои чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои аввалиндараҷаи вобаста ба ташкил ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ;

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7сентября 2017 года, №424

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7сентября 2017 года, №424

ПОЛОЖЕНИЕ о государственной комиссии содействия переписи населения

1. Государственная комиссия содействия переписи населения (далее - комиссия) создается в целях координации деятельности министерств, ведомств, местных органов государственной власти, контроля за ходом выполнения Закона Республики Таджикистан "О переписи населения", указа Президента Республики Таджикистан от 12 октября 2015 года, №572 "О подготовке и проведении переписи населения и жилищного фонда Республики Таджикистан в 2020 году" и постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2016 года, №511 "О дополнительных мерах по проведению переписи населения и жилищного фонда Республики Таджикистан в 2020 году".

2. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными нормативными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим положением.

3. Комиссия имеет право:

- приглашать на заседания руководителей министерств, государственных комитетов, местных исполнительных органов государственной власти, председателей комиссий содействия проведению переписи населения областей и города Душанбе заслушивать и рассматривать их информацию по вопросам подготовки и проведения переписи населения;

- запрашивать и получать от государственных органов и физических лиц материалы по вопросам, входящим в компетенцию комиссии;

- вносить в установленном порядке в Правительство Республики Таджикистан предложения по вопросам подготовки и проведения переписи населения, требующим окончательного решения.

4. Основные задачи комиссии:

- координация деятельности министерств, государственных комитетов, других центральных органов, местных исполнительных органов государственной власти, общественных объединений, других предприятий, учреждений, организаций, независимо от форм собственности и организационно-правовой формы, по вопросам переписи населения, выполнения мероприятий по подготовке и проведению неотложных первоочередных работ, связанных с организацией и проведением переписи населения;

...