Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Мутобиқи моддаи 4(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ", бо мақсади муташаккилона, босифат ва сари вақт гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо мақсади ташкил ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020, ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар асоси шартнома кормандонро ба:
- дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 воҳид аз 1 январи соли 2017 то 31 декабри соли 2023;
- сарраёсатҳои Агентии омор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - 23 воҳид аз 1 январи соли 2017 то 31 декабри соли 2022;
- раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 83 воҳид аз 1 июли соли 2017 то 31 декабри соли 2021 ҷалб намояд.
2. Хароҷоти нигоҳдории шумораи кормандони мазкур аз ҳисоби маблағҳои барои баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷудогардида пардохт карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳоро оид ба тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2023 ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ намояд.
4. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил:
- то 1 апрели соли 2019 номгӯи ноҳияҳо, маҳалҳои шаҳрӣ ва сарҳадҳои онҳоро аниқ намоянд, номи кучаҳо, рақами хонаҳо ва манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калонро ба тартиб дароварда, лавҳаю рақам гузоранд;
- то 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаҳои ноҳияҳоро дар ҳамкорӣ ва мувофиқа бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб диҳанд ва ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- то 1 сентябри соли 2019 бо роҳи саросар гаштан дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиеро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд ва тартиб додани рӯйхати деҳаҳоро дар асоси маълумоти муқоисашудаи дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо таъмин намоянд.
5. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" барои ба тартиб даровардани номгӯи кӯчаҳо, рақамгузории маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва манзилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак расонад.
...