ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.192; с.2010, №7, мод.543; с.2012, №7, мод.717; с.2019, №1, мод.9, №6, мод.315)
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 610, аз 03.07.2012 № 867, аз 2.01.2019 № 1562, аз 20.06.2019 № 1613, аз 29.01.2021 № 1757)
Қонуни мазкур шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат доранд ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ӯҳдадории ба манфиати дигар шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ё ба буҷети дахлдор супоридани маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк ё ба фоидаи онҳо содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян)-ро вогузор намоянд, муқаррар мекунад ().
БОБИ 1. АСОСҲОИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Моддаи 1. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро
Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои дигар мақомот мебошанд (
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро дар замон
1. Истеҳсолоти иҷро мувофиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.
2. Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рӯёнидани ноустуворона оид ба сари вақт насупоридани ҷарима ва дигар муҷозот барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва мувофиқи қонунгузории андозу гумрук ба амал бароварда мешавад.
...