ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3 мод. 192; с. 2010, №7, мод. 543), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Қонуни мазкур шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат доранд ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ӯҳдадории ба манфиати дигар шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ё ба буҷети дахлдор супоридани маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк ё ба фоидаи онҳо содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян)-ро вогузор намоянд, муқаррар мекунад.".
2. Ба Қонун моддаи 3(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 3(1). Принсипҳои истеҳсолоти иҷро
Истеҳсолоти иҷро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- қонуният;
- сари вақт гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
- эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд;
- дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ӯ зарур;
- мутобиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ.".
3. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) ӯҳдадор менамоянд, аз ҷониби судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.".
4. Дар моддаи 10:
...