Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 ноябри соли 2004 № 423
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 ноябри соли 2004 № 423
тасдиқ шудааст
Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаддима
Дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нав таҳия ва тасдиқ шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", "Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, васеъ гардидани ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи таҳсилот ва нигаҳдории тандурусти мутобиқи тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти (ТУТ), эҳтиёҷот ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурусти ва фарматсевти таҳия ва тасдиқи Консепсияи нави ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд Консепсия) тақозо мекунанд.
Самтҳои асосии ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фарматсевти инҳо мебошанд:
- гузариш аз стратегияи экстенсиви ба стратегияи интенсивии тайёр намудани кадрҳо;
- бо кадр таъмин намудани фаъолияти бисёрсоҳаи системаи нигаҳдории тандурусти (системаи тандурустии давлати, ғайридавлати) дар шароити нави иқтисоди;
- таъмини стандартҳои сифати ёрии тиббию санитари ба аҳоли;
- тайёр намудани кадрҳои соҳаи тибби ва фарматсевти тибқи стандартҳои давлати;
- такмили системаи бозомӯзи ва такмили ихтисоси мутахассисон. Амали намудани дигаргунсозиҳои сиёсати кадрҳо танҳо дар ҳолати мавҷудияти Консепсияи аз ҷиҳати илми асосноки тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевти имконпазир мебошад.
...