Тағйироту иловаҳое ки аз (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1293) ворид карда шудаанд аз 1.07.2016 мавриди амал қарор дода мешаванд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, мод.115; с.2003, №4, мод.149; с.2004, №2, мод.45; с.2005, №12, мод.651; с.2009, №5, мод.339; с.2013, №7 мод.537, №12, мод.901)
(Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 19, аз 28.02.2004 № 13, аз 28.12.2005 № 138, аз 19.05.2009 № 532, аз 22.07.2013 № 1009, аз 28.12.2013 № 1057, аз 15.03.2016 № 1293)
Ин Қонун муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлати, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилотҳою иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳоро қатъи назар аз шакли моликияташон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва танзим мекунад .
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Вазифахои Қонуни мазкур
Вазифаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" аз инҳо иборат аст:
- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломати, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- муайян кардани салоҳият ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлати ва сохторҳои онҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳоли;
...