Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
Мутобиқи моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 31 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"31) Сохтмон ва васл намудани ду деги обгармкунии КВГМ-35-150 бо истифода аз хати истеҳсолии сӯзишвории сунъии композитии моеъ дар дегхонаи "Ғарбӣ"- и шаҳри Душанбе".
2. Номгӯи таҷҳизот ва маҳсулоти истеҳсолию технологие, ки барои сохтмон ва васл намудани ду деги обгармкунии КВГМ-35-150 бо истифода аз хати истеҳсолии сӯзишвории сунъии композитии моеъ дар дегхонаи "Ғарбӣ"-и шаҳри Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тибқи замима тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2013, № 224
ш. Душанбе
аз 2 майи соли 2013, № 224
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2013, № 224
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
...