Низомномаи Шӯро оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима ба Созишномаи ҳамкорӣ

дар соҳаи саноат ва таъсиси Шӯро

оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои ИДМ

аз 30 майи соли 2012

Низомномаи Шӯро оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои ИДМ

I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Шӯро оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд - Шӯро) тибқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва таъсиси Шӯро оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012 (минбаъд - Созишнома), бо мақсади ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои иштирокчии Созишнома дар соҳаи саноат (сиёсати саноат), таъсис дода мешавад.

1.2. Шӯро сохтори ҳамкориҳои соҳавии ИДМ буда, фаъолияти худро дар доираи ваколатҳояш ба амал бароварда, ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳисоботдиҳанда мебошад.

1.3. Шӯро дар фаъолияти худ талаботи Оинномаи ИДМ, созишномаҳо, қарорҳои дар доираи ИДМ қабулгардида ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

1.4. Шӯро фаъолияти худро дар ҳамкории наздик бо Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар сохторҳои Иттиҳод ба роҳ мемонад.

II. Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои Шӯро

Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои асосии Шӯро аз инҳо иборатанд:

2.1. Гузаронидани машваратҳо ва мубодилаи фикру андешаҳо оид ба масъалаҳои рушди саноат (сиёсати саноат).

2.2. Таҳияи пешниҳодот оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳӣ ба нерӯи рушди соҳаи саноати давлатҳои иштирокчии Созишнома ва дар ин асос тайёр намудани пешниҳодот оид ба фаъолияти муштараки субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои давлатҳои иштирокчии Созишнома.

2.3. Тайёр намудани пешниҳодот оид ба ташаккули робитаҳои мутақобилан судманди байни соҳаҳои саноат, инчунин субъектҳои хоҷагидории давлатҳои иштирокчии Созишнома.

2.4. Таҳияи тавсияҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди инноватсионии саноат дар иқтисодиёти давлатҳои иштирокчии Созишнома, мусоидат барои ворид намудан ва самаранок истифода бурдани тадқиқоти илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии саноатӣ дар соҳаҳои саноати давлатҳои иштирокчии Созишнома.

2.5. Таҳияи пешниҳодот оид ба бунёди истеҳсолоти муштарак, ширкатҳои трансмиллӣ ва гурӯҳҳои молиявию саноатии давлатҳои иштирокчии Созишнома дар соҳаи мошинсозӣ, саноати киштисозӣ, ҳавопаймосозию асбобсозӣ, истеҳсоли техникаи тиббӣ ва ғайра.

2.6. Мубодилаи маълумот оид ба таҷрибаи мубориза бо маҳдудсозии табъизонаи маҳсулоти саноатии давлатҳои иштирокчии Созишнома дар бозорҳои давлатҳои сеюм.

2.7. Таҳияи тавсияҳо оид ба муқовимат ба содироти ғосибона ба бозорҳои давлатҳои иштирокчии Созишнома, ки бо риоя накардани шартҳо ва меъёрҳои савдои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

2.8. Таҳияи тавсияҳо ҷиҳати дастгирии давлатии соҳаи саноати давлатҳои иштирокчии Созишнома.

2.9. Ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак.

2.10. Тайёр намудани маърӯзаҳо ва маводи таҳлилӣ оид ба рушди саноат дар давлатҳои иштирокчии Созишнома.

2.11. Мусоидат дар ташкили кор ҷиҳати тайёр намудани мутахассиссон ва такмили ихтисоси кормандони (муҳандисию техникӣ ва тахассусҳои коргарӣ) соҳаҳои гуногуни саноати давлатҳои иштирокчии Созишнома.

2.12. Таҳияи роҳҳои мувофиқгардида барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти объектҳои саноатӣ ба вуҷуд меоянд.

2.13. Мусоидат барои ташкили намоишгоҳҳо, семинарҳо, конференсияҳо ва симпозиумҳо.

2.14. Дигар вазифаҳо барои баамалбарории мақсад ва вазифаҳои аз ҷониби Шӯро гузошташуда.

III. Ҳуқуқҳои Шӯро

Барои иҷрои вазифаҳои худ Шӯро ҳуқуқ дорад:

3.1. Доир ба масъалаҳои дар фасли II ҳамин Низомнома зикргардида лоиҳаи ҳуҷҷатҳоро таҳия намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии мақомоти олии ИДМ пешниҳод намояд.

3.2. Мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои иштирокчии Созишнома, ки барои таҳия ва татбики сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат масъул мебошанд, иичунин аз мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ доир ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Шӯро маълумот дархост намояд.

3.3. Дар ҳолатҳои зарурӣ гурӯҳҳои кории муваққатӣ ё доимии коршиносонро оид ба соҳаҳои алоҳидаи саноат (самтҳои сиёсати саноатӣ) таъсис диҳад.

3.4. Регламенти кори Шӯроро таҳия ва тасдиқ кунад, инчунин ба он тағйирот ворид намояд.

IV. Тартиби ташаккули Шӯро

4.1. Шӯро аз ҳисоби роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои иштирокчии Созишнома, ки барои таҳия ва баамалбарории сиёсати давлатии саноат масъуланд, ташаккул дода мешавад (минбаъдаъзои Шӯро).

Ҳар давлати иштирокчии Созишнома дар Шӯро як овоз дорад. Дар мавриди ба маҷлиси Шӯро сафарбар намудани шахсони дигар ба ҷои аъзои Шӯро ваколати онҳо бояд тасдиқ карда шавад.

4.2. Дар ҳайати Шӯро бо ҳуқуқи овози машваратӣ сардори котиботи Шӯро ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ метавонад шомил бошанд.

4.3. Раисии Шӯро аз тарафи ҳар давлати иштирокчии Созишнома дар шахси намояндаи он ба навбат бо тартиби алифбои русии номи давлатҳои аъзои ИДМ ба мӯҳлати то як сол ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигар бо қарори Шӯро муқаррар нашуда бошад.

Раисони собиқ ва ояндаи Шӯро ҳамраисони ӯ мебошанд.

Дар ҳолати муваққатан ҳузур надоштани раиси Шӯро, вазифаҳои ӯ ба зиммаи яке аз ҳамраисон вогузор карда мешавад.

V. Ташкили корҳо

5.1. Шӯро ҷаласаҳои худро на камтар аз як маротиба дар як сол мегузаронад. Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ даъват карда мешаванд.

5.2. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯро метавонад бо пешниҳоди ҳар давлати иштирокчии Созишнома, агар онро аксарияти аъзои Шӯро дастгирӣ намояд, баргузор карда шавад.

5.3. Қарорҳои Шӯро дар ҳолате эътибор пайдо менамоянд, ки дар ҷаласа аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро иштирок дошта бошанд.

5.4. Маҳалли гузаронидани ҷаласаҳо бо мувофиқаи пешакии аъзои Шӯро муайян карда мешавад.

5.5. Шӯро кори худро тибки нақшаҳои солонаи кор, ки аз тарафи Шӯро таҳия ва тасдиқ карда мешаванд, ба роҳ монда, аз фаъолияти солонаи худ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ маълумот пешниҳод менамояд.

5.6. Бо қарори Шӯро дар кори он метавонанд намояндагони идораҳои манфиатдори давлатҳое, ки иштирокчии Созишнома намебошанд, инчунин ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҳайси мушоҳидон иштирок намоянд.

5.7. Тибқи қарори Шӯро ба корҳои он ба сифати коршиносон намояндагони субъектҳои хоҷагидори давлатҳои иштирокчии Созишнома, ассосиатсия ва иттиҳодияҳои онҳо ҷалб карда мешаванд.

5.8. Қарорҳои Шӯро бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯро, ки дар маҷлис иштирок менамоянд, қабул карда мешаванд, агар тартиби дигаре аз тарафи Шӯро муайян нагардида бошад.

Ҳар узви Шӯро метавонад дар бораи бетарафии худ нисбат ба ин ё он масъала изҳор намояд, ки ин набояд ҳамчун монеа ҳангоми қабули қарори Шӯро баррасӣ шавад.

Аъзои Шӯро, ки ҷонибдори қарор нестанд, метавонанд изҳори махсус намоянд, ки ба протоколи маҷлис ворид карда мешавад.

5.9. Қарори Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро ба имзо расонида мешавад.

5.10. Ҷаласаҳои Шӯро тибқи Регламенти тасдиқнамудаи Шӯро гузаронида мешаванд.

5.11. Маводи ҷаласаи навбатии Шӯро 30 рӯз пеш аз баргузории он ба аъзо фиристода мешавад.

5.12. Таъминоти ташкилию техникӣ ва иттилоотии фаъолияти Шӯро аз ҷониби котибот ба амал бароварда мешавад.

5.13. Вазифаҳои котиботи Шӯро ба зиммаи мақоми ҳокимияти давлатии давлати иштирокчии Созишнома, ки намояндаи он раисии Шӯроро ба ӯхда дорад, якҷоя бо воҳиди сохтории Кумитаи иҷроияи ИДМ вогузор карда мешаванд.

Роҳбари котиботи Шӯро намояндаи мақоми ҳокимияти давлатие, ки раисии Шӯроро ба ӯҳда дорад ва муовини роҳбари котибот намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошад.

5.14. Қарорҳои Шӯро, ки ба манфиатҳои яке аз давлати иштирокчии Созишнома дахолат дорад, наметавонанд бе иштироки намояндаи он қабул карда шавад.

5.15. Шӯро раисро дар ҷаласаи аввалин интихоб менамояд. Раис кори Шӯроро ташкил менамояд, ҷаласаҳои онро роҳбарӣ намуда, риояи Регламентро таъмин менамояд.

5.16. Ҳуҷҷатҳои дар ҷаласаҳои Шӯро қабулгардида ба ҳамаи аъзои он дар мӯҳлати ду ҳафта ирсол карда мешаванд.

5.17. Забони кории Шӯро забони русӣ мебошад.

VI. Муқаррароти хотимавӣ

6.1. Хароҷоти вобаста ба ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии давлати даъваткунандаи иштирокчии Созишнома пардохт карда мешавад.

Хароҷоти сафарҳои аъзои Шӯро ва дигар иштирокчиёни ҷаласаҳоро мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои равонкунандаи давлатҳои иштирокчии Созишнома пардохт менамоянд.

6.2. Масъалаи барҳам додани Шӯро аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда мешавад.

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 13 августа 2012 года, №1313

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 13 августа 2012 года, №1313 " О мерах по усилению уровня социальной защищенности населения, увеличению действующих должностных окладов работников учреждений, организаций социальной сферы, размеров пенсий и стипендий" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 сентября 2012 года:

- увеличить в 2,5 раза минимальную заработную плату во всех отраслях экономики республики и установить её в размере 200 сомони в месяц;

- увеличить должностные оклады работников дошкольных учреждений, учреждений общего образования, домов- интернатов для престарелых и инвалидов и детей инвалидов в размере 60 процентов и других организаций отраслей социальной защиты, образования (за исключением учреждений и организаций, заработная плата в которых приравнена к заработной плате государственных служащих) в размере 40 процентов;

- увеличить должностные оклады работников организаций и учреждений отрасли культуры (за исключением учреждений и организаций, заработная плата в которых приравнена к заработной плате государственных служащих) в размере 50 процентов;

-увеличить заработную плату работников отрасли здравоохранения, финансируемых из Государственного бюджета, на 40 процентов и установить размер базисной заработной платы для расчета должностного оклада работников отраслей здравоохранения в сумме 157 сомони;

- увеличить должностные оклады работников организаций и учреждений отрасли науки и учреждений высшего профессионального образования (за исключением учреждений и организаций, заработная плата в которых приравнена к заработной плате государственных служащих) в размере 30 процентов;

- увеличить минимальную пенсию по возрасту на 30 процентов и установить её в размере 104 сомони в месяц;

- увеличить максимальную пенсию по возрасту на 30 процентов и установить её в размере 520 сомони в месяц;

- трудовые пенсии, назначенные при полном трудовом стаже, размер которых меньше 150 сомони, приравнять к 150 сомони;

- увеличить действующие размеры стипендий студентов учреждений высшего и среднего профессионального образования (кроме курсантов высших военных учебных заведений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан) на 50 процентов.

2. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с другими соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти обеспечить реализацию настоящего постановления за счёт средств, предусмотренных в республиканском и местных бюджетах на 2012 год для фонда оплаты труда и пенсионного обеспечения, средств свободных остатков, перевыполнения доходов местных бюджетов, за счёт экономии средств других статей расходов и специальных средств бюджетных учреждений и организаций. Министерству финансов Республики Таджикистан, в случае нехватки средств на выплату заработной платы работникам организаций и учреждений бюджетной сферы, финансируемых из республиканского и местных бюджетов, обеспечить их финансирование за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете 2012 года на реформирование заработной платы, других финансовых резервов и экономии расходов республиканского бюджета.

3. Министерству труда и социальной зашиты населения Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить выплату пенсий в пределах средств утвержденного бюджета и его перевыполнения.

4. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по своевременному выполнению настоящего постановления.

5. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти, предприятиям, учреждениям и другим организациям исчисление среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы (кроме начисления пенсии), производить согласно Правил исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313.

6. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан принять действенные меры по разъяснению и толкованию Указа Президента Республики Таджикистан от 13 августа 2012 года, №1313.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 августа 2012 года, № 461