Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 январи соли 2013, № 14
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621)
1. Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъоварӣ ва воридшавии маблағҳо барои ин хизматрасониҳо ва харҷи онҳоро муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Чунин хизматрасонӣ танҳо вобаста ба амалиётҳои нотариалии аз тарафи идораҳои нотариалии давлатӣ амалишаванда сурат мегирад.
3. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати онҳо сурат гирифта, дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ки дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба қайд гирифта мешавад ().
4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути бонкҳо (филиалҳои онҳо) сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо роҳи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт (дар шакли коғазӣ ё электронӣ), ки дар он намуди хизматрасонӣ нишон дода мешавад, амалӣ мегардад ().
5. Қабули пардохтпулии хизматрасонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ аз тарафи нотариусони давлатӣ манъ мебошад ().
6. Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар ҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад.
7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" ва Дастуруламал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, анҷом медиҳад ().
8. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии мақомоти адлия истифода бурда мешаванд ().
9. Маблағҳои воридгардида мумкин аст барои дигар хароҷоте, ки маблағгузории он дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда нашудааст, равона карда шаванд.
10. Барои дурустии ҳисобот аз рӯйи хизматрасонӣ сарнотариуси давлатӣ, нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатии дахлдор масъул буда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд ().
11. Барои хизматрасонии иловагии ҳуқукии музднок маблағ мувофиқи Тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қоидаҳои мазкур замима шудааст, ситонида мешавад.
12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда шудаанд, аз пардохти хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок озод мебошанд, инчунин гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ нисфи маблағи муқарраргардидаи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднокро месупоранд ().
Замима
ба Қоидаҳои хизматрасонии иловагии
ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ
дар идораҳои нотариалии давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ниг. ба замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 январи соли 2013, № 14
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъоварӣ ва воридшавии маблағҳо барои ин хизматрасониҳо ва харҷи онҳоро муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Чунин хизматрасонӣ танҳо вобаста ба амалиётҳои нотариалии аз тарафи идораҳои нотариалии давлатӣ амалишаванда сурат мегирад.
3. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати онҳо сурат гирифта, дар китоби сабти хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок, ки дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба қайд гирифта мешавад.
4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути бонкҳо (филиалҳои онҳо) сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия, ки дар он намуди хизматрасонӣ нишон дода мешавад, амалӣ мегардад.
5. Қабули пардохтпулии хизматрасонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тариқи нақдӣ аз тарафи нотариусони давлатӣ манъ мебошад.
6. Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар ҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад.
7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" ва Дастуруламал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, анҷом медиҳанд.
8. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи базаи моддию техникии муассисаҳои адлия истифода бурда мешаванд.
9. Маблағҳои воридгардида мумкин аст барои дигар хароҷоте, ки маблағгузории он дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда нашудааст, равона карда шаванд.
10. Барои дурустии ҳисобот аз рӯи хизматрасонӣ сарнотариусони давлатӣ ва нотариусони калони идораҳои нотариалии давлатӣ масьул буда, онҳо мутобиқан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳисобот медиҳанд.
11. Барои хизматрасонии иловагии ҳуқукии музднок маблағ мувофиқи Тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қоидаҳои мазкур замима шудааст, ситонида мешавад.
12. Шахсони воқеӣ аз супоридани маблағ барои хизматрасонӣ оид ба масъалаҳои таъини нафақапулиҳо, кӯмакпулиҳо, васигӣ ва парасторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, озод мебошанд. Дар ҳолати пешниҳод намудани маълумотномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор, шахсони камбизоат нисфи маблағи муқарраргардидаи хизматрасониро месупоранд.