Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 майи соли 1999 № 218
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ ИҚОМАТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шудаанд ва тартиби:
а/ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷӣ;
б/ ба расмиятдарории асноди ҳуқуқии истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муваққатӣ иқомат доранд;
в/ ба шаҳрвандони хориҷӣ додани иҷозати сукунати доимӣ ва гувоҳномаҳои иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г/ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтани шаҳрвандони хориҷӣ;
д/ барои вайрон кардани Қоидаҳои иқомат, тамдид ва ихтисори мӯҳлатҳои иқомат ба ҷавобгарӣ кашидан, ҳамчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рондани шаҳрвандони хориҷиро муайян мекунанд.
Таъсири Қоидаҳои мазкур ашхоси бетабаъиятро низ фаро мегирад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат доранд, бо интихоби худ, баъди огоҳ намудани ташкилотҳои қабулкунанда, намояндагиҳои доимии хориҷӣ, ҳамчунин ашхосе, ки онҳоро бо корҳои хусусӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд, дар меҳмонхонаҳо ё дигар навъи манзил /сарфи назар аз мансубияти онҳо ба ин ё он намуди фонди манзил/ истиқомат мекунанд.
Ташкилотҳо ва ашхоси қабулкунанда, ки шаҳрвандони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардаанд, бақайдгирии онҳоро дар давоми се шабонарӯз дар мақомоти корҳои дохилии ҷои зисти шаҳрвандони хориҷӣ анҷом медиҳанд.
Ҳангоми иваз намудани ҷои зист аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилотҳо ва ашхоси қабулкунандае, ки онҳоро даъват кардаанд, дар мӯҳлати се рӯз ба мақомотҳои корҳои дохилӣ дар бораи иваз намудани ҷои истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ хабар мерасонанд.
3. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, вазифадоранд, ки бо худ шиносномаҳои боэътибори хориҷӣ ё асноди онҳоро ивазкунанда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қоидаҳо ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошанд ва онҳоро бо талаби намояндагони мақомоти босалоҳият пешниҳод намоянд.
Дар бораи гум шудани шиносномаи хориҷӣ шаҳрванди хориҷӣ бояд бетаъхир ба ташкилоти қабулкунанда ва шахсе, ки ӯро даъват кардааст, хабар диҳад, ки онҳо дар ин бобат мақомоти корҳои дохилиро хабардор созанд. Мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи гум шудани шиноснома тасдиқномаи дахлдор медиҳанд.
4. Ташкилотҳои қабулкунанда ба шаҳрвандони хориҷӣ сари вақт фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аз ҷониби Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, иҷрои дақиқи меъёрҳои ҳуқуқии нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ муқарраршударо таъмин намуда, ҳамчунин барои сари вақт ба расмият даровардани асноди иқомати онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва баъди ба охир расидани мӯҳлати муайяншудаи иқомат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани онҳо масъулият доранд.
Дар ҳолатҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ бо даъвати як ташкилот омада бошанд, ташкилоти дигар ҳуқуқ дорад ӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи худ қабул намояд ва нисбати ин шаҳрванд ӯҳдадориҳо ва масъулияте, ки бо сархати якуми банди мазкур пешбинӣ шудааст, амалӣ гардонад.
5. Ашхосе, ки шаҳрвандони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хусусӣ даъват кардаанд ва онҳоро бо манзил таъмин намудаанд, вазифадоранд, ки дар мавриди бақайдгирии саривақтии шиносномаҳои хориҷии ин шаҳрвандон тадбирҳо андешанд ва баъди хатми мӯҳлати муайяншудаи иқомат ба рафтани онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Аз тарафи ашхоси мазкур ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод карда шудани манзил, воситаҳои нақлиёт ё расонидани хизматҳо дар ҳолатҳое, ки боиси дидаву дониста вайрон шудани ҳамин Қоидаҳо мегарданд, мумкин нест.
6. Назоратро аз болои риоя гардидани талаботи ҳамин Қоидаҳо аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ, ашхоси бетабаъият, ҳамчунин ашхоси мансабдор ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкории муштарак бо мақомоти амният анҷом медиҳанд.
7. Мувофиқи моддаи 33 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Қоидаҳои мазкур қонунгузории муқарраргардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз ва масунияти сарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ ва ашхоси хориҷие, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, иқомати намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзоёни оилаи онҳоро дархурд намекунад.
II. ОМАДАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РАФТАНИ ОНҲО АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
8. Омадани шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафтани онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, ки барои робитаи байналхалқӣ кушода шудаанд, бо шиносномаҳои хориҷии дорои эътибор ё асноди онҳоро ивазкунанда ва ашхоси бетабаъият - бо асноди дорои эътиборе, ки аз тарафи мақомоти босалоҳияти кишвари зисти доимии онҳо дода шудаанд ва шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, ба шарте, ки агар дар созишномаи бо кишвари дахлдор имзонамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари омаду рафт муқаррар нашуда бошад, дар сурати мавҷуд будани визаҳои дахлдор сурат мегирад.
Ашхоси бетабаъияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарви доимӣ сукунат доранд, барои истиқомати доимӣ ба хориҷа бо визаҳои рафт метавонанд.
9. Визаҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон /омад/ ва визаҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикисгон /омаду рафт/ ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси дархостҳои намунаи муқарраршудаи виза, ки онҳоро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҳамчунин бо даъватномаҳои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ /бо даъвати ашхоси хусусӣ/ дода мешаванд.
10. Визаҳои рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон /рафт/ ва визаҳои рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон /рафту омад/ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои корҳои дохилии ҳукуматҳои ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дода мешаванд.
Дар визаҳое, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, бояд ҳатман мақсади сафар ва номи ташкилоти қабулкунанда ва дар визаи аз ҷониби ашхоси хусусӣ даъватг шудагон бошад мақсади сафар амон зикр гардад.
11. Бо хоҳиши ташкилотҳои қабулкунанда ба шаҳрвандони хориҷӣ визаҳои бисьёркаратаи омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Тартиби додани визаҳои бисьёркарата аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
12. Барои визаҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамдиди мӯҳлати эътибори онҳо асноди зайл асос мебошанд:
- барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ташкилотҳои қабулкунанда ва намояндагиҳои доимии хориҷӣ меоянд, - муроҷиати хаттии ин ташкилот ва намояндагиҳо;
- барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ашхоси хусусӣ ё ҷиҳати зисти доимӣ меоянд, ҳамчунин барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ сукунат доранд, ҳангоми сафар ба хориҷа бо корҳои хусусӣ ё ҳангоми рафтан ҷиҳати зисти доимӣ - иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар асоси аризаи шаҳрвандони мазкур дода мешаванд.
13. Омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи асосҳои аз ҷониби қонунҳо ва дигар асноди меъёрӣ муқаррар гардида, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, метавонад манъ карда шаванд.
14. Дар ҳолати гум шудани шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ё ин ки визаҳо, шаҳрвандони хориҷие, ки бо корҳои хусусӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, дар ин бобат бетаъхир ба мақомоти корҳои дохилӣ ва онҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои дигар будубош доранд, ба ташкилотҳои қабулкунанда хабар медиҳанд. Аз рӯи аризаҳои дахлдори хаттии шаҳрвандон ва муроҷиатҳои ташкилотҳо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба шаҳрвандони хориҷӣ додани_ __визаҳои рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл мекунанд.
III. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ АСНОДИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ, КИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ТАВРИ МУВАҚҚАТӢ ИҚОМАТ ДОРАНД
15. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муваққатӣ ҳузур доранд, бо шиносномаҳои хориҷие, ки бо тартиби муқарранамудаи ҳамин Қоидаҳо ба қайд гирифта шудаанд, истиқомат мекунанд. Шиносномаҳои хориҷӣ ҷиҳати бақайдгирӣ баъди расидан ба нуқтаи таъиншуда дар давоми се шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат, пешниҳод карда мешаванд.
16. Шиносномаҳои хориҷии ашхоси зайл ба қайд гирифта намешаванд:
а/ роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, аъзои ҳайатҳои парламентӣ ва ҳукуматӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, персонали техникии ин ҳайатҳо, аъзои оилаҳои ашхоси мазкур;
б/ ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид дода шуда омадаанд;
в/ шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд;
г/ шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ид ва истироҳат ё ба мӯҳлати то се шабонарӯз дар рӯзҳои маъмулӣ омадаанд ва онҳое, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ин рӯзҳо мераванд;
д/ туристҳои хориҷӣ, ки круиз анҷом медиҳанд;
е/ аъзои экипажи тайёраҳои ҳарбии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда омадаанд.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтани аъзои экипажҳои тайёраҳои ҳарбӣ бо иҷозати сардори масъули гарнизон мувофиқи нақшаи қабули тайёраҳои ҳарбии омада сурат мегирад;
ж/ ашхосе, ки ба ҳайати экипажҳои тайёраҳои мулкии хатҳои ҳавоии байналхалқӣ дохил мешаванд, ҳангоми будубоши онҳо дар майдони ҳавоии дар ҷадвали амалкунандаи ҳаракат нишондодашуда;
з/ ашхосе, ки ба ҳайати экипажҳои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дохил мешаванд, ҳангоми интиқоли борҳо ва мусофирон бо хатти сайри байналхалқӣ дар вақти будубоши онҳо дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини хатти сайр, аз ҷумла дар маҳалҳои таъиншудаи бор ва мусофиркашонӣ.
17. Шиносномаҳои хориҷии ашхоси зайл дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд:
а/ роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва консулгариҳо, аъзои персонали дипломатӣ, ашхоси мансабдори консулгариҳо, персонали маъмурӣ, текникӣ ва хизматрасони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо, кормандони дастгоҳи атташеи ҳарбӣ ва намояндагиҳои тиҷоратӣ ва ҳамсарҳо, фарзандон, хешу табори онҳо, ки таҳти сарпарастии ашхоси зикршуда қарор доранд, ҳамчунин меҳмонони роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва консулгариҳо, ба шарте, ки агар меҳмонони мазкур дар қароргоҳи онҳо ё дар ҳудуди намояндагиҳо ва муассисаҳои мазкур иқомат дошта бошанд;
б/ кормандони идораҳои корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хизматӣ омадаанд ва шиносномаҳои дипломатӣ ё хизматӣ доранд ва аъзои оилаҳои онҳо;
в/ ашхоси мансабдори ташкилотҳои байналхалқӣ, кормандони намояндагиҳои ташкилотҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо корҳои хизматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, ҳамчунин кормандони намояндагиҳои кишварҳо дар ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қароргоҳ доранд ва мутобиқи асноди оинномавии ташкилотҳои зикршуда ё шартномаҳои байналхалқии дахлдор аз имтиёзҳои дипломатӣ истифода мебаранд, ҳамчунин аъзои оилаҳои онҳо;
г/ хабарнигорони хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намондагиҳои он ба ашхоси зикршуда варақаҳои дипломатию хизматӣ ё консулӣ медиҳанд ё бевосита дар шиносномаҳои хориҷии онҳо, ё асноди ивазкунандаи ин шиносномаҳо дар бобати бақайдгирӣ сабт мегузоранд.
Шиносномаҳои хориҷии ашхоси дар ҳамин банд зикршуда дар меҳмонхонаҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта намешаванд.
18. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода мешавад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ шиносномаҳои хориҷии ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро, агар ташкилотҳои қабулкунанда, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар ин бобат муроҷиат намоянд, ба қайд гирад, ҳамчунин бақайдгирии шиносномаҳои хориҷии кормандони ташкилотҳои байналхалқиро, ки дар банди 16 ҳамин Қоидаҳо зикр нагардидаанд, анҷом диҳад.
19. Дар меҳмонхонаҳо инҳо ба қайд гирифта мешаванд:
а/ шиносномаҳои хориҷӣ ё асноди ивазкунандаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хизматӣ, тиҷоратӣ ё ҷамъиятӣ, барои табобат ё истироҳат, ба ҳайси турист ва дар ҳолатҳои мустасно - ҳамчунин бо корҳои хусусӣ омадаанд.
Дар сурати барои табобат ё истироҳат ба шифохонаҳо, санаторияҳо ва осоишгоҳҳо омадани шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаҳои онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта мешаванд;
б/ шиносномаҳои /дипломатӣ ё хизматии/ хориҷии кормандони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хусусӣ омадаанд ва дар меҳмонхонаҳо иқомат доранд.
Бақайдгирӣ дар асоси муроҷиати шахсии шаҳрвандони мазкур ё дархостҳои хаттии ташкилотҳои қабулкунанда ва намояндагиҳои доимии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ барои мӯҳлате, ки дар муроҷиатҳо, турҳо ва дархостҳо зикр шудааст ва шахсоне, ки бо виза омадаанд, барои мӯҳлати эътибори виза анҷом дода мешавад.
20. Дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои хориҷии он шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар бандҳои 17, 19 ҳамин Қоидаҳо зикр нашудаанд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсил, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, такмили ихтисос кор омадаанд ва аъзои оилаҳои онҳо ҳамчунин он шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо корҳои хизматӣ ва даъватномаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси хусусӣ омадаанд, ба қайд гирифта мешаванд.
Бақайдгирӣ дар асоси муроҷиати хаттии ташкилотҳои қабулкунанда, намояндагиҳои доимии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аризаи ашхоси хусусӣ анҷом дода мешавад.
Муроҷиатномаҳо бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз се шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат аз лаҳзае, ки ин шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаҳои хориҷиро ба ташкилоти қабулкунанда ё намояндагӣ барои бақайдгирӣ месупоранд, пешниҳод карда шаванд.
Бақайдгирии шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хусусӣ омадаанд агар дар созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари дахлдор тартиби дигари омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад дар асоси визаҳои мавҷудаи онҳо анҷом дода мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ва ҷиҳати гирифтани статуси гуреза дархост додаанд, бояд дар мақомоти корҳои дохилӣ бо мактуби Хадамоти давлатии муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлате, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи гуреза эътироф кардани онҳо зарур аст, ба қайд гирифта мешаванд. Шаҳрвандони хориҷие, ки статуси гурезаро гирифтаанд дар мақомоти корҳои дохилӣ бо пешниҳоди Хадамоти давлатии муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мӯҳлати эътибори гувоҳномаи гуреза ба қайд гирифта мешаванд.
21. Сабт дар бораи бақайдгирии шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин маҳалли воридшавии онҳо гузошта мешавад.
22. Тамдиди мӯҳлати эътибори бақайдгирӣ ва додани визаи рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки шиносномаҳои хориҷии онҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷониби ташкилотҳои мазкур анҷом дода мешавад. Тамдиди мӯҳлати эътибори бақайдгирӣ ва додани визаи рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки шиносномаҳои онҳо ё асноди ивазкунандаи онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаҳо ба қайд гирифта шудаанд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.
23. Воситаҳои нақлиёти автомобилии шахсӣ ва хизматии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Муоинаи давлатии техникии воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони хориҷӣ бо тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда амалӣ мегардад.
Воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ бо ӯҳдадории баргашта бурдани онҳо оварда шудаанд, бояд баъди гузашти мӯҳлати муқарраршуда ба хориҷа бурда шаванд ва онҳо наметавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби дигар пайдо кунанд.
24. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ барои кор, таҳсил, истиқомати доимӣ ё дигар мақсадҳо меоянд, дар муддати 10 рӯзи баъди омаданашон ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо шаҳодатномаи муоинаи вируси СПИД омадаанд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
25. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ё кор омадаанд, ба таври илова аз муоинаи тиббӣ мегузаранд ва дар ҳолати бо сабабҳои гуногун ба кишварҳои хориҷӣ рафшанашон баъди се моҳ баргашта омадан, аз муоинаи иловагии тиббӣ мегузаранд.
IV . БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ СУКУНАТИ ДОИМӢ ВА ГУВОҲНОМАИ ИҚОМАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26. Шаҳрвандони хориҷӣ агар иҷозатеро, ки бо гувоҳномаи иқоматии аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ додашаванда ба расмият дароварда шудааст, дошта бошанд, метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намоянд.
27. Аризаҳо дар бораи гирифтани иҷозати сукунати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат доранд, бевосита ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист ва аз ҷониби ашхосе, ки дар хориҷа иқомат доранд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ё консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
28. Гувоҳномаҳои иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба синни 16 расидаанд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти доимии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мӯҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ, аммо на зиёда аз 5 сол ва ба шаҳрвандоне, ки ба синни 45 расидаанд, - барои тамоми мӯҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ дода мешаванд. Ба ашхоси бетабаъият гувоҳномаҳои иқомат ба мӯҳлати 5 сол ва ба онҳое, ки ба синни 45 расидаанд, бе мӯҳлат дода мешаванд.
Аризаҳо доир ба тамдиди мӯҳлати эътибори гувоҳномаи мавҷудаи иқомат ё гирифтани гувоҳномаи нави иқомат бояд аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист на дертар аз 10 рӯз то хатми мӯҳлати эътибори гувоҳномаи иқомат ва дар ҳолати гум кардани он фавран пешниҳод карда шаванд.
29. Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муддати шаш моҳ аз рӯзи хатми мӯҳлати эътибори шиносномаҳои мавҷудаи хориҷӣ ё асноди ивазкунандаи онҳо асноди нав ё тамдидшударо пешниҳод накардаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаҳои иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ашхоси бетабаъият муқаррар шудаанд, дода мешаванд.
30. Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси бетабаъият, агар дорандаи он ба мақомоти корҳои дохилӣ шиносномаи хориҷии дорои эътиборро пешниҳод намояд, бо гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрванди хориҷӣ иваз карда мешавад.
31. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ сукунат доранд, бояд дар қайди маҳалли зисти доимӣ бошанд, дар ин ё он маҳалли аҳолинишин ҳангоми муваққатан ба он маҳал омадан ба қайд гирифта шаванд ва дар вақти рафтан аз маҳалли зисти доимӣ бо тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда аз қайд бароварда шаванд.
V. ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЯК ҶОЙ БА ҶОИ ДИГАР РАФТАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА АЗ ТАРАФИ ОНҲО ИНТИХОБ ШУДАНИ МАҲАЛЛИ ЗИСТ
32. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат доранд, метавонанд дар он қисми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ кушода аст, оэодона рафту омад кунанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ сукунат доранд ва мехоҳанд маҳалли зисти худро тағьир диҳанд ё муваққатан ба маҳалли дигар раванд, вазифадоранд, ки барои ин аз мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти худ иҷозатнома гиранд.
33. Ба маҳалҳое, ки барои рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ баста мебошанд, омадан ва аз як ҷой ба ҷои дигар рафтани шаҳрвандони мазкур танҳо бо иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ шуда метавонад: барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ташкилотҳои қабулкунанда ва намояндагиҳои доимии хориҷӣ омадаанд, дар асоси муроҷиати хаттии ин ташкилотҳо ва намояндагиҳо бо мувофиқаи пешакӣ бо мақомоти амният; барои онҳое бо корҳои хусусӣ омадаанд ё онҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ сукунат доранд, дар асоси аризаи хаттии шахсии онҳо.
Бо хоҳиши ташкилотҳое, ки шаҳрвандони хориҷиро қабул мекунад, ба ин шаҳрвандон метавон иҷозатномаи бисёркаратаи омадан ва аз як ҷой ба ҷои дигар рафтан дода шавад.
Маҳалҳое, ки аёдати онҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
34. Тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷой ба ҷои дигар рафтани шаҳрвандони хориҷӣ, ки шиносномаҳои хориҷии онҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он ба қайд гирифта шудаанд, аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Тартиби аз як ҷой ба ҷои дигар рафтани рӯзноманигорон ва хабарнигорони хориҷӣ, ки дар Идораи иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва аъзои оилаҳои онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти касбии хабарнигорони воситаҳои ахбори умумӣ давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад, муайян карда мешавад.
35. Шаҳрвандони хориҷие, ки маҳалли иқомати худро дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон бо вайрон кардани Қоидаҳои мазкур гағъир додаанд, вазифадоранд, ки бо талаби мақоыоти корҳои дохилӣ ба маҳалли зисти пешинаи худ баргарданд, ё шутобики нуқтаҳои иктихобшудаи шаъинот ҳаракат намоянд.
VI. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ МАЗКУР. ИХТИСОРИ МӯҲЛАТИ ИҚОМАТ ВА РОНДАН АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
36. Барои вайрон кардани қоидаҳои мазкур шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобрарӣ кашида мешаванд.
37. Вайрон карда шудани Қоидаҳои мазкур аз тарафи ашхосе, ки вазифадоранд талаботи онҳоро риоя намоянд /аз ҷумла ашхосе, ки шаҳрвандони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хусусӣ даъват кардаанд ё ба онҳо хизмат мерасонанд/ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
38. Ихтисори мӯҳлати иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рондани шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ мешавад.
39. Ташкилотҳои қабулкунанда метавонанд дар ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ риоя нагардидани шартҳои иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рондани онҳо тавсия пешниҳод намоянд.
40. Рондани шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси қарорҳое, ки бо тартиби муқарраргардида қабул шудаанд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ё мақомоти амният тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Хароҷоти рондан ба зиммаи худи шаҳрвандони хориҷии рондашаванда ё ташкилотҳои қабулкунанда ё ашхоси хусусӣ, ки шаҳрвандони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд ва дар ҳолатҳои мустасно ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.
41. Шаҳрванди хориҷӣ ҳак дорад дар хусуси қарор оид ба рондани онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ихтисори мӯҳлати иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят намоянд.
VII. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
42. Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз муқаррароти ҳамин қоидаҳо фарқ доранд, он гоҳ қоидаҳои шартномаҳои байналхалқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 майи соли 1999, № 218
тасдиқ шудаанд
ҚОИДАҲОИ УБУРИ ТРАНЗИТИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ АЗ ТАРИҚИ ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзитӣ убур мекунанд, бо шиносномаҳои хориҷии дорои эътибор ё асноди онҳоро ивазкунанда дар сурати мавҷуд будани визаҳои транзитии аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ё консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода мешавад.
2.Амали ҳамин Қоидаҳо ҳамчунин ба ашхоси бетабаъият низ татбиқ мегардад.
3. Убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари таъинот бо нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, дарьёӣ ё нақлиёти дигар дар сурати мавҷуд будани асноде, ки барои рафтан ба давлати бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад дорои эътибор мебошанд ва асноди дахлдори сафар бо тасдиқи санаи рафтан аз нуқтаи гузариш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асноди мазкур, иҷозат дода мешавад.
Сафари шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари таъинот аз лаҳзаи расидан ба бандар, истгоҳе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, дар давоми 72 соат убури транзитӣ шуморида мешавад.
4. Аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон убур намудани шаҳрвандони хориҷӣ, ки боркашонии байналхалқии автомобилии транзитиро анҷом медиҳанд ва убури транзитии онҳо дар автомобильҳои сабукрав дар асоси созишномаҳои байналхалқӣ дар сурати мавҷуд будани асноде, ки барои рафтан ба давлати бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад дорои эътибор мебошанд, амалӣ мегардад.
5. Визаҳои транзитӣ бе ҳуқуқи таваққуф дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Дар истисно ҳолатҳои истисно ба шаҳрвандони хориҷӣ метавон визаи транзитӣ бо ҳуқуқи таваққуф дар як ё якчанд маҳалли аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хатти сайр ба сӯи давлати ҳамсарҳад дода шавад.
6. Убури транзитӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе виза дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:
а/ ҳангоми аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози бенишаст анҷом додани мусофирони нақлиёти ҳавоӣ;
б/ ҳангоми сафар дар тайёраҳои хатти сайри байналхалқӣ бо нишастан ва дар сурати дар дасти мусофирон мавҷуд будани асноди ҳуқуқи рафтан ба кишвари таъинот ва билетҳои тайёра бо тасдиқи санаи парвоз аз майдони ҳавоии нишаст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар билетҳои мазкур, вақте ки давраи будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 соат зиёд нахоҳад буд. Зимнан мусофирон ҳак надоранд, ки аз ҳудуди махсус барои онҳо ҷудошудаи майдони ҳавоӣ берун бароянд;
в/ ба шаҳрвандони кишварҳое, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои дахлдори байниҳукуматӣ дорад.
7. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки мақсади анҷом додани убури транзитии туристиро бо автомобили шахсӣ ё дар ҳайати гурӯҳ бо автобусҳо доранд, вазифадоранд, ки то расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон турҳои автомобилӣ харидорӣ намоянд ва визаи дахлдори туристриро бо зикри нуқтаҳои таваққуф дошта бошанд.
8. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзитӣ убур мекунанд, бо риояи ҳамин Қоидаҳо ба сӯи гузаргоҳи сарҳадии баромад аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи хатти сайри муқарраршуда ҳаракат мекунанд ва метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар нуқтаҳое, ки дар визаҳои транзитӣ зикр шудаанд, таваққуф дошта бошанд.
9. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзитӣ бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ убур мекунанд, аз ҷумла онҳое, ки боркашонии автомобилиро анҷом медиҳанд, метавонанд танҳо бо роҳҳои барои рафтуомади байналхалқии автомобилӣ кушода ҳаракат намоянд.
Таваққуф барои хӯрокхӯрӣ, истироҳат ё шабгузаронӣ танҳо дар нуқтаҳои воқеъ дар хатти сайр, ки дар он ҷойҳо мотельҳо, кемпингҳо ё истгоҳҳои махсус ҷудокардашуда мавҷуд бошанд, имкон дошта метавонад.
10. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи оҳан меоянд, аз ҷумла дар қатораҳое, ки аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзитӣ убур мекунанд, ҳақ доранд ҳангоми таваққуфи қатораҳо, ки дар ҷадвали амалкунанда зикр шудааст, дар истгоҳҳо аз қатора фароянд.
11. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки визаи транзитӣ бо зикри таваққуф дар як ё якчанд нуқта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мӯҳлати зиёда аз 24 соат доранд, вазифадоранд, ки баробари расидан ба ин нуқтаҳо шиносномаҳои хориҷии худ ё асноди ивазкунандаи онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаронанд ва на дертар аз мӯҳлати барои онҳо муайяншудаи будубош аз Ҷумҳурии Тоҷикистон раванд.
12. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳангоми убури транзитӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мӯҳлати зиёда аз 24 соат ба таври маҷбурӣ таваққуф кардаанд, вазифадоранд, ки дар давоми шабонарӯзҳои минбаъда аз лаҳзаи таваққуф аз мақомоти корҳои дохилӣ барои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гиранд.
Таваққуфи маҷбурӣ дар ҳолатҳои зерин имкон дошта метавонад:
а/ ҳангоми офатҳои табиат, ки ҳаракати қатора, воситаи нақлиёти автомобилӣ, киштӣ ё тайёраро ба таъхир меандозанд;
б/ барои таъмири воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар натиҷаи аз кор баромадани ягон қисми он ё фалокати нақлиётӣ осеб дидааст;
в/ дар ҳолати беморӣ, вақте ки мувофиқи хулосаи духтурҳо ҳаракати минбаъдаи бемор барои саломатии ӯ хатарнок дониста мешавад. Дар ин маврид аъзои оила ё ашхоси ҳамроҳ, ки якҷоя бо ӯ ҳаракат мекунанд, метавонанд ҳамроҳи бемор бимонанд;
г/ ҳангоми ба таъхир афтодани нишаст аз як навъи нақлиёт ба навъи дигар дар нуқтаи асосӣ.
Таваққуфи маҷбурӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи будубошро танҳо дар ҳудуди шаҳр ё дигар нуқтаи аҳолинишин барои вақти то бартараф кардани сабабҳое, ки боиси таваққуфи маҷбурӣ шудаанд, медиҳад.
Ба расмият даровардани будубош ва тамдиди мӯҳлати амали визаҳои транзитӣ дар асоси аризаи шахсии шаҳрванди хориҷӣ бо пешниҳоди тасдиқномаи ташкилот ё муассисаи дахлдор, ки сабабҳои ба таъхир афтодани ҳаракат ва давомнокии онро тасдиқ мекунанд, анҷом дода мешавад.
13. Ҷои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми таваққуф метавонанд инҳо бошанд:
а/ меҳмонхонаҳо;
б/ утоқҳои намояндагиҳои хориҷии бақайдгирифташуда дар сурати мавҷуд будани илтимосномаҳои хаттӣ аз тарафи онҳо бо зикри шахси мушаххаси намояндагӣ, ки мусофири транзитӣ дар хонаи ӯ иқомат мекунад.
Ҳангомм таваққуфи маҷбурӣ иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар хобгоҳҳо ё манзилҳои хусусӣ танҳо дар ҳолатҳои истисно ва фақат бо иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст.
14. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мӯҳлати зиёда аз 24 соат маҷбуран таваққуф кардаанд, метавонанд бе тамдиди визаи транзитӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ иҷозат дода шавад.
15. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзитӣ убур карда, хоҳиши бо хатти сайр ё гузаргоҳи сарҳади дигар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанро доранд, вазифадоранд, ки барои ин аз мақомоти корҳои дохилӣ иҷозатномаи доранд.
16. Ба шаҳрвандони хориҷӣ метавон мувофиқи асосҳое, ки дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ гардидаанд, омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати убури транзитӣ аз тарики қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашавад.
17. Аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод шудани манзил, воситаҳои нақлиёт ё ба онҳо расонидани дигар хизматҳо дар ҳолатҳое, ки ин амал боиси дидаю дониста вайрон намудани ҳамин Қоидаҳо мегардад, мумкин нест.
Дар ҳамаи ҳолатҳои ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод кардани манзил ва воситаи нақлиёт соҳибони онҳо вазифадоранд, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз хабар диҳанд.
18. Барои вайрон кардани ҳамин Қоидаҳо шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Масъалаи ҷавобгарии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл мегардад.
Аз тарафи ашхосе, ки риояи шартҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷиро аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ё ба онҳо хизмат мерасонанд, вайрон карда шудани ҳамин Қоидаҳо мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
19. Назорат аз болои риояи ҳамин Қоидаҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад.