ҚарорИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 118 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Боби IV "Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрвандро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

3. Арзиши варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатнома барои шахсони бешаҳрванд бо дарназардошти хароҷот ҷиҳати омода намудани варақаҳои мазкур муайян карда мешавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 марти соли 2008 № 118

ш. Душанбе

аз 5 марти соли 2008 № 118

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 118

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 1999 года,№218

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативно-правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Главу IV "Правил пребывания иностранных граждан в Республике Таджикистан", утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 1999 года, №218 "Об утверждении Правил пребывания иностранных граждан в Республике Таджикистан и Правил транзитного проезда иностранных граждан через территорию Республики Таджикистан" изложить в новой редакции (прилагается).

2. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан обеспечить в установленном порядке изготовление бланков видов на жительство для иностранных граждан, лиц без гражданства и удостоверений лиц без гражданства, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан.

3. Стоимость бланков видов на жительство для иностранных граждан и лиц без гражданства и удостоверений лиц без гражданства установить с учетом произведенных затрат на изготовление данных бланков.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

от 5 марта 2008 года № 118

 ш. Душанбе

от 5 марта 2008 года № 118

 ш. Душанбе

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 5 марта 2008 года № 118

Утверждено

...